Зимни мулоқот масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилаи судманд ва пешбурди лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ мувофиқи тавофуқоти қаблан ҳосилшуда баррасӣ гардиданд.
Ба масъалаҳои ҷалби сармояи мустақим ба татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти Ӯзбекистон, аз он ҷумла соҳаи саноати маъдани кӯҳӣ, истеҳсоли молҳои озуқаворӣ, сайёҳӣ, сохтмон, рушди инфрасохтор ва ғайра таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.
Наҷиб Савирис изҳор намуд, ки тайёр аст барои зиёд кардани маблағгузории Миср ба иқтисодиёти мамлакатамон тамоми қувваро ба кор барад.