Дар оғози мулоқот меҳмони олиқадр саломи Султони Умон Ҳайсам бин Ториқ Оли Саидро ба Сарвари давлати мо расонд.
Масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳои амалӣ, пеш аз ҳама дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод ва сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки дар сатҳҳои гуногун робитаҳои фаъол ба роҳ монда шудаанд. Дар доираи форум баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ ва вохӯриҳои доираҳои соҳибкорӣ дар назар аст.
Аҳамияти пешбурди лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои энергетика, геология, саноати хӯрокворӣ, нассоҷӣ, кимиё, ҳамлу нақл ва логистика, туризм, бахши молия, аз ҷумла бо дастгирии фаъоли Ширкати сармоягузории Ӯзбекистону Умон таъкид гардид.









