Президенти Ӯзбекистон ба Остона омад

    Ҳукумат 27 Oktabr 2022 5439

    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев бо боздиди корӣ ба пойтахти Қазоқистон омад.

    Дар фурудгоҳ сарвари давлати моро Сарвазири Қазоқистон Алихан Смаилов ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.

    Имрӯз дар Остона ҳамоиши нахустини "Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо" баргузор мешавад, ки дар рӯзномаи он масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ миёни кишварҳои минтақаи мо ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ мешаванд.