Президенти Ӯзбекистон аҳамияти густариши ҳамкориҳои амалиро бо Озарбойҷон қайд кард

    Ҳукумат 24 Noyabr 2023 3750

    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 24 ноябр дар доираи барномаи чорабиниҳои сафари корӣ ба шаҳри Боку бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев музокирот анҷом дод.

    Раҳбари Озарбойҷон ба Президенти Ӯзбекистон барои дастгирӣ ва иштироки шахсаш дар нишасти якуми Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) самимона миннатдорӣ баён кард.

    Сарвари давлати мо, дар навбати худ, Президенти Озарбойҷонро бо раисии бомуваффақонааш дар СПЕКА табрик гуфт.

    Масъалаҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии Ӯзбекистону Озарбойҷон, аз ҷумла рафти иҷрои созишномаҳои дар сатҳи олӣ ҳосилшуда баррасӣ шуданд.

    Бо қаноатмандӣ қайд карда шуд, ки ба шарофати робитаҳои мунтазам ва пурсамар муносибатҳои Ӯзбекистон ва Озарбойҷон ба сатҳи сифатан нав баромад, ки бо мазмуни мушаххас ғанӣ гардидааст.

    Аз аввали сол муомилоти мол 34 фоиз афзуд. Лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои мошинсозӣ, электротехникӣ, нассоҷӣ, энергетика, кишоварзӣ ва кирмакпарварӣ амалӣ мешаванд. Лоиҳаҳои ояндадор дар соҳаи нақлиёт ва логистика омода мешаванд.

    Сарони ду давлат ҳамчунин доир ба самтҳои нави ҳамкориҳои мутақобилан судманд табодули афкор карданд. Масъалаҳои пешбурди лоиҳаҳои ояндадор дар соҳаҳои кимиё, энергетика, заргарӣ, мошинсозӣ, саноати сохтмон ва дигар баррасӣ шуданд.

    Аҳамияти густариши минбаъдаи табодули фарҳангиву гуманитарӣ таъкид шуд.

    Дар хотимаи мулоқот сарвари давлати мо Президенти Озарбойҷонро даъват кард, ки дар фурсати барояш мувофиқ ба Ӯзбекистон сафари расмӣ анҷом диҳад.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates