Президенти Ӯзбекистон муовини Сарвазири Озарбойҷонро қабул кард

    Ҳукумат 16 Iyul 2021 5284

    Дар ҳошияи конфронси Тошканд Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Шоҳин Мустафоев мулоқот кард.

    Масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ӯзбекистон ва Озарбойҷон, таҳкими муносибатҳои анъанавии наздик ва дӯстонаи ду кишвар баррасӣ шуданд.

    Шоҳин Мустафоев ба сарвари давлати мо саломи самимӣ ва таманноҳои беҳтарини Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиевро расонд.

    Дар ҷараёни сӯҳбат ба масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои амалӣ, пеш аз ҳама дар пешбурди лоиҳаҳо дар соҳаҳои савдо, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт ва логистика, инчунин татбиқи барномаҳои мубодилаи фарҳангӣ-гуманитарӣ диққати махсус дода шуд.

    Дар бораи дар доираи омодагӣ ба ҳамоиши дарпешистода дар сатҳи олӣ баргузор намудани ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ ва Шӯрои соҳибкорон, ташкили Форуми якуми минтақавӣ созиш ба даст оварда шуд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates