Президенти Ӯзбекистон ҳайати Покистонро қабул кард

    Ҳукумат 5 Sentabr 2023 5316

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 5 сентябр ҳайати Ҷумҳурии Исломии Покистонро зери роҳбарии фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи ин мамлакат, генерал Осим Мунир пазируфт.

    Масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкории бисёрҷанбаи Ӯзбекистону Покистон ва мустаҳкам намудани муносиботи шарикии стратегӣ баррасӣ гардиданд.

    Дар аввали мулоқот меҳмони олиқадр ба роҳбари давлатамон паёми самимӣ ва таманноҳои беҳтарини Президенти Покистон Ориф Алвӣ ва иҷрокунандаи вазифаи Сарвазир Анвар Қақарро супурд.

    Зимни мулоқот ба дастгирии суръати баланди афзоиши тиҷорати тарафайн, тезондани татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва пурзӯр намудани робитаҳои ҳамкории корхонаҳои пешқадами ду мамлакат бинобар «нақшаи роҳ»-и қабулгардида, эътибори алоҳида нигаронда шуд.

    Дар заминаи масъалаҳои таъмини бехатарии минтақавӣ, аз он ҷумла дар партави вусъати воқеаҳо дар Афғонистон табодули афкор ба вуқӯъ пайваст.

    Аҳамияти танзими кӯшишоти амалӣ бо мақсади пеш бурдани лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани «Тирмиз – Мазори Шариф – Пешовар» таъкид гардид.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates