Тавре қаблан хабар дода шуда буд, дар шаҳри Исломобод музокироти сатҳи олӣ ва нишасти аввали Шӯрои ҳамкории стратегӣ баргузор мегардад.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории стратегии Ӯзбекистону Покистон баррасӣ хоҳанд шуд.

Дар поёни ин сафар имзои Эъломияи муштарак ва бастаи бузурги ҳуҷҷатҳои дуҷониба ба нақша гирифта шудааст.

Дар доираи барномаи кории сафар иштироки Сарвари давлати мо дар форуми муштараки тиҷоратӣ ва дигар чорабиниҳо пешбинӣ шудааст.