Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳайати Давлати Қатарро пазируфт

    Ҳукумат 9 Iyun 2021 4371

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 9 июн ҳайати Давлати Қатарро бо роҳбарии муовини Сарвазир, вазири корҳои хориҷӣ шайх Муҳаммад бин Абдураҳмон Ол Сонӣ ба ҳузур пазируфт.

    Масъалаҳои рушди минбаъдаи муносибатҳои гуногунҷабҳаи Ӯзбекистон ва Қатар баррасӣ шуданд.

    Сарвари давлати мо динамикаи афзояндаи ҳамкориҳои дуҷонибаро дар солҳои охир бо қаноатмандӣ қайд кард. Аз ҷумла, ташрифҳо ва машваратҳои сиёсӣ дар сатҳи олӣ баргузор шуданд ва нишондиҳандаҳои гардиши савдо меафзоянд. Бо мақсади ҳавасманд кардани мубодилаи тиҷоратӣ ва сайёҳӣ тартиби раводид барои будубоши шаҳрвандони Қатар дар Ӯзбекистон содда карда шуд.

    Президенти Ӯзбекистон даъвати Амири Қатар Шайх Тамим Ол Сониро барои боздиди расмӣ ба кишвари мо бори дигар тасдиқ кард. Дар навбати худ, сарвари ҳайати Қатар ба раҳбари Ӯзбекистон барои пазироии гарму ҷӯшон изҳори миннатдории самимӣ намуда, салом ва таманноҳои беҳтарини Амири Қатарро расонид.

    Дар ҷараёни сӯҳбат Президенти Ӯзбекистон аҳамияти роҳандозӣ ва тавсеаи шарикии амалиро, пеш аз ҳама дар соҳаҳои савдо, сармоягузорӣ, инноватсия, молияву техникӣ, инчунин дар соҳаи нақлиёт мутобиқи Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳаракати нақлиёти ҳавоӣ, ки ба наздикӣ ба имзо расидааст, таъкид кард.

    Аҳамияти омодагии зудтар ва пешбурди лоиҳаҳои умедбахш оид ба созмон додани фонди муштараки инвеститсионӣ, роҳандозии истеҳсолоти замонавӣ дар соҳаҳои саноат, коркарди амиқи маҳсулоти кишоварзӣ, навсозии инфрасохтор дар кишвари мо бо ҷалби ширкатҳои пешқадам ва институтҳои бонку молияи Қатар қайд карда шуд.

    Ғайр аз ин, таваҷҷӯҳи тарафайн ба татбиқи барномаҳои мубодила дар соҳаи маориф, илм, фарҳанг ва сайёҳии зиёратӣ изҳор карда шуд.

    Инчунин оид ба масъалаҳои мубрами сиёсати байналмилалӣ ва рӯзномаи минтақавӣ мубодилаи афкор ба амал омад. Роҳбари вазорати корҳои хориҷии Қатар ба кӯшишҳои фаъоли Ӯзбекистон оид ба мусоидат ба ҳалли мусолиматомези вазъ ва барқарорсозии иқтисодии Афғонистон баҳои баланд дод ва онро дастгирӣ кард.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates