Президенти Ӯзбекистон Президенти Қирғизистонро табрик кард

    Ҳукумат 6 Dekabr 2021 3300

    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 6 декабр бо Президенти  Қирғизистон Садир Жапаров мулоқоти телефонӣ анҷом дод.

    Сарвари давлатамон Президенти Қирғизистонро ба муносибати зодрӯзаш самимона табрик гуфта, ба ӯ саломатӣ, шукуфоӣ ва муваффақиятҳои бузург ва ба халқи бародарии Ҷумҳурии Қирғизистон сулҳу шукуфоӣ орзу намуд.

    Роҳбарон таҳкими рӯзафзуни муносибатҳои шарикии стратегии Ӯзбекистону Қирғизистонро бо қаноатмандӣ қайд намуданд, ки ба риштаҳои мустаҳками дӯстии чандинасра ва ҳамсоягии нек асос ёфтааст.

    Аҳамияти идомаи муколамаи созанда ва табодули пуршиддат дар сатҳҳои гуногун, афзоиши ҳаҷми гардиши мол, пешбурди муштараки лоиҳаҳои муҳими ҳамкорӣ дар соҳаҳои мошинсозӣ, энергетика ва электротехника, кишоварзӣ, дорусозӣ ва дигарҳо таъкид гардид. Ба васеъ гардондани ҳамкориҳои амалӣ дар сатҳи минтақаҳо ва тиҷорат, татбиқи барномаҳои фарҳангию гуманитарӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда шуд.

    Ҳамчунин доир ба рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.

    Суҳбати телефонӣ дар вазъияти анъанавии гарму ҷӯшон, самимона ва дӯстона гузашт.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates