Президенти Ӯзбекистон бо Президенти Қирғизистон мулоқоти телефонӣ анҷом дод

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 6 декабр Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Жапаровро бо рӯзи таваллуд самимона табрик намуд.

    Сарвари давлати мо ба роҳбари Қирғизистон саломатии бардавом, саодати оилавӣ ва дар татбиқи ислоҳоти васеъмиқёс, ки ба таъмин намудани рушди устувори иҷтимоию иқтисодии кишвар, некуаҳволӣ ва шукуфоии халқи бародари қирғиз нигаронда шудаанд, муваффақиятҳои бузург таманно кард.

    Масъалаҳои муҳими густариши минбаъда ва таҳкими муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегӣ миёни Ӯзбекистон ва Қирғизистон баррасӣ шуданд.

    Ба иҷрои амалии созишномаҳо дар сатҳи олӣ диққати махсус дода шуд.

    Сарони давлатҳо динамикаи афзояндаи рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитариро бо қаноатмандӣ қайд карданд.

    Ҳаҷми муомилоти мол аз аввали сол беш аз 700 миллион долларро ташкил дод. Фонди сармоягузории муштарак самаранок фаъолият мекунад, лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои мошинсозӣ, энергетика, электротехника, нассоҷӣ, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо татбиқ мегарданд.

    Робитаҳои байниминтақавӣ, тамосҳои тиҷоратӣ ва табодули фарҳангӣ фаъол гардиданд.

    Ба зарурати суръатбахшии лоиҳаҳои бузурги минтақавии инфрасохторӣ дар соҳаҳои энергетика ва нақлиёт таваҷҷуҳи хос дода шуд.

    Президенти Ӯзбекистон ва Қирғизистон ҳамчунин оид ба масъалаҳои ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ табодули афкор намуда, ҷадвали чорабиниҳои муштараки дарпешистодаро баррасӣ карданд.

    No date selected
    January 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates