Президенти Ӯзбекистон дар нишасти сарони Ҷунбиши бетарафӣ ширкат мекунад

    Ҳукумат 28 Fevral 2023 3825

    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев бинобар даъвати Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳои Алиев 1-2 март бо сафари корӣ аз ин кишвар боздид ба амал меорад.

    Дар барномаи боздид аз шаҳри Боку иштироки сардори давлатамон дар сессияи умумии ҳамоиши Ҷунбиши бетарафӣ пешбинӣ шудааст.

    Рӯзномаи чорабинӣ, ки таҳти раёсати ҷониби Озарбойҷон баргузор мешавад, масъалаҳои мубрами рушди муколамаи бисёрҷониба ва тавсеаи ҳамкориҳои амалӣ дар шароити боқӣ мондани таъсири оқибатҳои пандемия, инчунин чолишҳо ва таҳдидҳои рӯзафзуни байналмилалии амният ва суботро фаро гирифтааст.

    Илова бар ин, дар назар аст, ки мулоқоти дуҷонибаи раҳбари Ӯзбекистон ва Президенти Озарбойҷон барои баррасии иҷрои амалии тавофуқоти қаблан ҳосилшуда баррасӣ шавад.

    Бояд гуфт, ки Ҷунбиши бетарафӣ яке аз бузургтарин сохторҳои байналмилалӣ буда, 120 кишвари узвро муттаҳид мекунад, ки иштирок накардан дар блокҳо ва созмонҳои ҳарбию сиёсиро асоси сиёсати хориҷии худ, инчунин рушди ҳамкориҳоро дар асоси принсипхо ва мақсадҳои Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид эълом доштаанд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates