Президенти Ӯзбекистон Президенти Қазоқистонро бо ҷашнаш табрик кард

    Ҳукумат 17 May 2023 3135

    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 17 май бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод.

    Сарвари давлатамон Президенти Қазоқистонро ба муносибати 70-солагии зодрӯзаш самимона табрик гуфта, ба ӯ саломатии бардавом, бахту саодат ва муваффақият, ба халқи бародари Қазоқистон сулҳу шукуфоӣ таманно намуд.

    Саҳми Қосим-Ҷомарт Тоқаев дар густариш ва таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва неки ҳамсоягӣ, шарикии стратегӣ ва иттифоқии Ӯзбекистону Қазоқистон махсусан қайд карда шуд.

    Масъалаҳои татбиқи амалии созишномаҳо дар сатҳи олӣ баррасӣ шуданд.

    Ба натиҷаҳои судманди ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории дуҷонибаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон, ки дар аввали моҳи май дар Тошканд баргузор гардид, баҳои баланд дода шуданд.

    Тадбирҳои амалии оиди ба кор даровардани ширкати муштараки тиҷорати хориҷӣ ва таъсиси Маркази байналмилалии ҳамкории саноатӣ қайд карда шуданд.

    Сарони ду кишвар ҳамчунин доир ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули назар карданд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates