Президенти Ӯзбекистон Вазири корҳои хориҷии Кувайтро пазируфт

    Ҳукумат 16 Iyul 2021 5787

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Вазири корҳои хориҷӣ, вазири давлатӣ оид ба корҳои Девони Вазирони Давлати Кувайт шайх Аҳмад Носир ал-Муҳаммад ас-Сабоҳро, ки дар конфронси байналмилалии сатҳи баланд ширкат варзид, ба ҳузур пазируфт.

    Сарвари давлати мо аҳамияти рушди минбаъдаи муносибатҳои анъанавии дӯстонаи ду кишварро таъкид кард. Боварӣ изҳор карда шуд, ки сафари ҳозираи роҳбари идораи сиёсати хориҷии Кувайт ба тақвияти робитаҳо ва мубодила мусоидат хоҳад кард.

    Вазири корҳои хориҷии Кувайт саломи гарму ҷӯшон ва таманноҳои беҳтарини амири Кувайт Навоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳро ба раҳбари Ӯзбекистон расонд, инчунин оид ба пурзӯр гардондани ҳамбастагӣ байни минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ изҳори пуштибонӣ кард.

    Дар ҷараёни мулоқот дурнамои тавсеаи ҳамкориҳои амалӣ, пеш аз ҳама дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ ва инноватсия, молия, амнияти озуқаворӣ, технологияҳои иттилоотӣ, маориф ва ғайра баррасӣ шуданд.

    Дар бораи баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии дуҷониба ва омода намудани барномаи муштараки чорабиниҳо дар доираи 30-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ созиш ба даст оварда шуд.

    Мубодилаи судманди афкор оид ба ҷанбаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ сурат гирифт.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates