Президенти Ӯзбекистон бо ташрифи расмӣ аз Тоҷикистон боздид менамояд

    Ҳукумат 8 Iyun 2021 5029

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бинобар даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 10-11 июни соли ҷорӣ бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад.

    Бинобар барномаи ташриф баргузор намудани чорабиниҳои дуҷониба дар шаҳри Душанбе – маросими пазироии расмӣ, мулоқот дар доираи танг ва ҷамъомад дар ҳайати васеъ, маросими онлайни кушодани объектҳои иҷтимоӣ, ба имзо расондани маҷмӯи ҳуҷҷатҳои дуҷониба пешбинӣ гаштааст.

    Муҳокимаи масъалаҳои муҳими таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстонаи Ӯзбекистону Тоҷикистон, некҳамсоягӣ ва шарикии стратегӣ ба нақша гирифта шудааст. Ба муайян намудани «нуқтаҳои инкишоф»-и нави ҳамкории бисёрҷанба ва пеш бурдани лоиҳаҳои мушаххаси рушди ҳамкории амалӣ ба истиқболи дарозмуддат эътибори алоҳида дода мешавад. Пешвоён инчунин дар бобати масъалаҳои сиёсати байналхалқӣ ва рӯзномаи минтақавӣ табодули афкор хоҳанд кард.

    Ғайр аз ин, роҳбарони давлатҳо дар чорабиниҳои муштараки маданӣ дар пойтахти Тоҷикистон иштирок карда, бо намояндагони ҷамъият мулоқот намуда, аз якчанд объекти саноатӣ дар вилояти Суғд боздид ба амал меоранд.

    Дар поёни чорабиниҳо ба имзо расондани беш аз 30 ҳуҷҷат, ки муҳимтарин соҳаҳои ҳамкории муфиди тарафайни байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро фаро мегиранд, дар назар дошта шудааст.

    Махсус бояд зикр кард, ки солҳои охир муносиботи байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба марҳалаи сифатан нав – дараҷаи шарикии стратегӣ баромада, бо муҳтавои мушаххаси амалӣ пурра гардиданд.

    Бо ташаббус ва бо шарофати иродаи қатъии сиёсии пешвоён масъалаҳои муҳими инкишофи алоқаҳои байни ду мамлакат ва халқҳои бародар ҳаллу фасл гардиданд.

    Ҳаҷми табодули мол ба маротиб афзуда, соли гузашта беш аз 500 миллион долларро ташкил намуд, беш аз 200 корхонаи муштарак ба вуҷуд оварда шуд. Дар соҳаи гуманитарӣ табодул суръати баланд дошта, байни минтақаҳо низ робитаҳо самарабахш мебошанд.

    Дар шароити мураккаби пандемия Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ҳамбастагӣ зоҳир намуда, дар бартарафсозии оқибатҳои коронавирус ба кӯмаки ҳамдигар расиданд.

    Дар доираи омодагӣ ба ҳамоиши оянда ҷамъомади Комиссияи байниҳукуматие, ки аз ҷониби сарвазирони ду мамлакат сарпарастӣ гардиданд, анҷумани илмиву амалӣ, Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон ва дигар чорабиниҳо бомуваффақият анҷом ёфтанд. Дар арафаи боздид инчунин нахустин Анҷумани байниминтақавӣ ва вохӯрии Шӯрои соҳибкорон ба вуқӯъ хоҳанд пайваст.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates