Дар фурудгоҳи байналмилалии ба номи Подшоҳ Холид сарвари давлати моро роҳбарияти музофоти Ар-Риёз дар симои шоҳзода Муҳаммад бин Абдулраҳмон бин Абдулазиз ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
Раҳбари Ӯзбекистон имрӯз дар нишасти ғайринавбатии кишварҳои арабу ислом ширкат мекунад.
Мутобиқи рӯзномаи чорабинӣ масъалаҳои зуд коҳиш додани шиддати вазъ дар навори Ғазза ва Лубнон ва ҷустуҷӯи роҳи ҳалли сиёсӣ ва дипломатии низоъ баррасӣ мешаванд.