Президенти Ӯзбекистон бо Президенти Туркманистон сӯҳбати телефонӣ анҷом дод

    Ҳукумат 22 Sentabr 2023 3921

    22 сентябр байни Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов мулоқоти телефонӣ ба амал омад.

    Сарвари давлатамон Президенти Туркманистонро бо зодрӯзаш самимона табрик гуфта, ба ӯ комёбиҳои бузург, ба халқи бародари туркман беҳбудӣ ва шукуфоӣ таманно намуд.

    Масъалаҳои кунунии рӯзномаи дуҷониба ва ҳамкориҳои минтақавӣ баррасӣ шуданд.

    Рушди муколамаи созандаи сиёсӣ ва робитаҳои судманди байниидоравӣ бо қаноатмандӣ қайд гардид. Ҳаҷми муомилоти моли мутақобила афзоиш ёфта, лоиҳаи ташкили минтақаи сарҳадии «Хоразм-Тошовуз» якҷоя амалӣ мешавад. Кооператсия дар соҳаи энергетика ва нақлиёт амиқтар мегардад. Моҳи октябр дар кишварамон Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон баргузор мегардад.

    Президентҳои Ӯзбекистон ва Туркманистон ҳамчунин оид ба масъалаҳои густариши ҳамҳориҳои мутақобилан судманд дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар чаҳорчӯби форматҳои мавҷудаи бисёрҷониба табодули афкор намуданд.

    Дар анҷоми суҳбати телефонӣ Сарвари давлатамон Президент ва мардуми Туркманистонро бо Рӯзи истиқлолияти дарпешистода самимона табрик гуфт.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates