Президенти Ӯзбекистон бо Котиби Генералии СҲШ масъалаҳои таҳкими шарикии минтақавиро баррасӣ кард

    Ҳукумат 16 May 2022 4199

    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 16 май Котиби Генералии Созмони ҳамкории Шанхай Чжан Минро, ки дар кишварамон бо боздид қарор дорад, қабул кард.

    Масъалаҳои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои амалӣ ва таҳкими шарикии минтақавӣ дар чаҳорчӯби СҲШ, инчунин омодасозии чорабиниҳои муҳим дар давраи раёсати Ӯзбекистон дар ин созмон баррасӣ шуданд.

    Бомуваффақият гузаронидани нисфи мулоқоту маҷлисҳое, ки барои соли равон пешбинӣ шудаанд, бо қаноатмандӣ қайд карда шуд. Оид ба мувофиқат гардондани ҳуҷҷатҳои Ҳамоиши самарқандии СҲШ фаъолона кар бурда мешавад.

    Зарурати пурзӯр гардондани иқтидори Созмон дар мубориза бо чолишҳо ва таҳдидҳои нав ба суботу амният, таҳкими ҳамкориҳои бисёрҷониба бар пояи принсипҳои «рӯҳи Шанхай» таъкид шуд.

    Ба пешбурди лоиҳаҳои муштараки мутақобила дар соҳаҳои нақлиёт, энергетикаи “сабз”, инноватсия, иқтисодиёти рақамӣ, кооператсияи саноатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

    Дар бораи зарурати барқарор кардани робитаҳои фаъоли фарҳангию гуманитарӣ ва табодули сайёҳон дар давраи пас аз пандемия андешаи муштарак баён шуд.

    Дар мулоқот ҳамчунин ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ дахл карда шуд. Зарурати баланд бардоштани нақши СҲШ дар масъалаи Афғонистон ва ҷалби фаъолонаи Афғонистон дар барномаҳои рушди инфрасохтори минтақавӣ таъкид шуд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates