баннер
18 Apr 2025
10:49

    Президенти Ӯзбекистон Котиби генералии СҲШ-ро қабул кард

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 5 марти соли ҷорӣ Котиби генералии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) Нурлан Ермекбоевро, ки бо сафари расмӣ дар кишвари мо қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.

    Масъалаҳои муҳими густариши ҳамкориҳои бисёрҷониба дар доираи ин созмони бонуфуз мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

    Зарурати тақвияти ҳамкории амалӣ дар мубориза бо хатарҳо ва таҳдидҳои умумӣ ба субот ва амният, инчунин амиқтар кардани ҳамкориҳо дар асоси принсипҳои ҳамсоягии нек, эътимод ва шарикӣ таъкид гардид.

    Ба идомаи раванди навсозии фаъолияти СҲШ, ки дар Саммити Самарқанд оғоз шудааст, аз ҷумла баланд бардоштани самаранокии кори тамоми сохторҳои Созмон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

    Зарурати татбиқи Консепсияи рушди «Муколамаи нави иқтисодӣ» ва як қатор ташаббусҳои дигари кишвари мо қайд гардид. Гап дар бораи қабул намудани созишнома оид ба соддагардонии тиҷорат, барномаи тиҷорати электронӣ, маҷмӯи тадбирҳо барои ҳавасмандгардонии сармоягузорӣ, нақшаи рақамисозӣ дар бахши логистика, барномаи «Технологияҳои ояндаи СҲШ», Атласи амнияти озуқаворӣ ва дигар лоиҳаҳо меравад.

    Ҳамчунин масъалаҳои омодагӣ ба Саммити пешистодаи СҲШ дар шаҳри Тянсзини Чин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.


    No date selected
    April 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates
    Our Telegram
    Text to speech