Президенти Ӯзбекистон сафарро ба Словения анҷом дод

    Барномаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Словения ба анҷом расид.

    Аввалин ҳамоиши сатҳи олии Ӯзбекистон ва Словения дар давоми 20 соли охир оғози марҳилаи нави муносибатҳои дуҷонибаро дар таърихи ин ду кишвар ифода намуд.

    Дар ҷараёни сафар музокироти муҳтавоӣ бо Президенти Ҷумҳурии Словения Наташа Пиртс Мусар, Сарвазир Роберт Голоб ва Раиси Маҷлиси миллии Словения Уршка Клакочар-Зупанчич баргузор гардиданд.

    Ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳоро, аз ҷумла сиёсат, иқтисод, сармоягузорӣ, ҳамкориҳои саноатӣ, экология, фарҳанг, сайёҳӣ ва маорифро мавриди баррасӣ қарор доданд.

    Изҳороти муштарак қабул гардид ва бастаи муҳими созишномаҳои байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ба имзо расид, ки мувофиқаҳо оид ба самтҳои афзалиятнокро расман тасдиқ намуданд.

    Қуллаи сафар форуми муштараки соҳибкории Ӯзбекистон ва Словения буд, ки бо иштироки сарони давлатҳо ва намояндагони тақрибан 100 ширкати пешсафи ҳар ду кишвар баргузор шуд.

    Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Любляна, меҳмони олимақомро Вазирии корҳои дохилии Словения Боштян Поклукар ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд. Сарвари давлати Ӯзбекистон ба шаҳри Тошканд баргашт.

    No date selected
    July 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates