Дар ин чорабинӣ, ки таҳти раёсати Президенти ИМА Доналд Трамп баргузор гардид, роҳбарони ҳайатҳо аз кишварҳои Озарбойҷон, Қазоқистон, Баҳрайн, Индонезия, Аргентина, Парагвай, Руминия, Миср, Қатар, Покистон, Маҷористон, Албания, Арманистон, Ветнам, Камбоҷа, АМА, Туркия, Кувайт, Арабистони Саудӣ, Исроил, Марокаш ва дигар давлатҳо ширкат доштанд.

Масъалаҳои барқарорсозӣ ва расонидани кумаки башардӯстона ба Сектори Ғазо, таъмини сулҳ ва субот дар ин минтақа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар суханронии худ, Сардори давлати мо ба Президенти ИМА, раиси Шӯрои сулҳ Доналд Трамп барои даъвати ин саммити аввалин изҳори сипос намуд.

Зикр гардид, ки Ӯзбекистон ташаббуси сулҳҷӯёнаи таъсиси Шӯрои сулҳро дастгирӣ карда, омодагии қотеъонаи худро барои иштирок дар татбиқи амалии он баён кардааст.

– Мутмаинам, ки фаъолияти Шӯро барои фароҳам овардани шароити мусоид баҳри барқарорсозии иқтисодию иҷтимоии Сектори Ғазо мусоидат хоҳад кард, – изҳор кард Шавкат Мирзиёев.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки ҳама гуна механизми идораи берунаи Ғазо бояд ҳатман ба дастгирии дохилии аҳолии ин минтақа такя кунад.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки талошҳои ҳамоҳангшудаи ҳамаи ҷонибҳо имкон медиҳанд, ки устувории раванди пасоконфликтӣ таъмин гардида, шароити бозсозии ҳарчи зудтари Ғазо фароҳам шавад.

Сардори давлати мо омодагии Ӯзбекистонро барои гузоштани саҳми арзанда дар сохтмони хонаҳои истиқоматӣ, кӯдакистон, мактаб ва беморхонаҳо дар Сектори Ғазо баён намуд.

Мулоқоти мо ифодаи равшани ҳамбастагии байналмилалӣ, сулҳофарӣ ва талошҳои муштараки беҳбуд бахшидани вазъият дар Шарқи Наздик мебошад. Мо бояд аз ин имконияти таърихӣ барои бунёди «Ғазои Нав» – бо иқтисодиёти рушдёбанда ва шароити арзандаи зиндагӣ барои аҳолии он истифода барем, – таъкид намуд Президент.

Дар ин чорабинӣ роҳбарони дигар давлатҳо, ҳукуматҳо ва ниҳодҳои сиёсати хориҷии кишварҳои хориҷӣ низ суханронӣ намуданд.

Дар поёни ҷаласа Изҳорот дар бораи дастгирии фаъолияти Шӯрои сулҳ ба имзо расид.