Сарвари давлатамон роҳбари Тоҷикистонро ба муносибати 70-солагии зодрӯзаш самимона табрик гуфта, ба халқи бародари тоҷик сулҳу шукуфоӣ, бахту саодат ва комёбиҳои беназир таманно намуд.
Нақши Президент Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди Тоҷикистони замонавӣ ва баланд бардоштани нуфузи байналмилалии кишвар, расидан ба сатҳи имрўзаи муносибатҳои дўстиву ҳамсоягии нек, шарикии стратегӣ ва иттифоқии Ӯзбекистону Тоҷикистон алоҳида зикр гардид.
Дар рафти суҳбат масъалаҳои татбиқи амалии аҳдномаҳо ва созишномаҳои қаблан ҳосилгардида баррасӣ шуданд. Оғози фаъолияти Фонди муштараки сармоягузорӣ, ки барои пешбурди лоиҳаҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, энергетика, нақлиёт ва дигар соҳаҳои муҳим пешбинӣ шудааст, бо қаноатмандӣ қайд гардид.
Аҳамияти густариши минбаъдаи робитаҳои фаъоли байниминтақавӣ, баргузории чорабиниҳои муштараки тиҷоратӣ ва фарҳангӣ дар ду кишвар таъкид гардид.
Доир ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ табодули афкор сурат гирифта, ҷадвали вохӯриҳои бисёрҷонибаи дарпешистода баррасӣ шуд.
Суҳбати телефонии Президенти Ӯзбекистон ва Президенти Тоҷикистон дар фазои анъанавии кушод, гарм ва дӯстона сурат гирифт.