Президенти Ӯзбекистон ҷонибдори вусъати минбаъдаи ҳамкории амалӣ дар доираи Ташкилоти давлатҳои туркӣ мебошад

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 7 октябр дар ҷамъомади навбатии Шӯрои сарони давлатҳои Ташкилоти давлатҳои туркӣ, ки дар шаҳри Габала ба вуқӯъ пайваст, ширкат намуд.

    Дар чорабиние, ки зери раисии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев баргузор шуд, инчунин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Ҷапаров, Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тойиб Эрдуғон, Пешвои миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов, Сарвазири Венгрия Виктор Орбан, Саркотиби Ташкилоти давлатҳои туркӣ Кубаничбек Омуралиев ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.

    Бинобар рӯзномаи маҷлис табодули афкор дар бораи вазъ ва истиқболи ҳамкории бисёрҷанба дар доираи Ташкилот ба вуқӯъ пайваста, масъалаҳои муҳими ҳамкории амалӣ муҳокима гардиданд.

    Дар аввали суханронии худ Президенти Ӯзбекистон ба Президенти Озарбойҷон барои ташкили ҷолиби ҳамоиш дар шаҳри Габала, ки аз қадим яке аз марказҳои муҳими тиҷоратӣ ва маданӣ дар Роҳи бузурги абрешим ба шумор меравад, миннатдории самимӣ изҳор намуд.

    – Солҳои охир бевосита бо ташаббуси шумо мо аз бисёр минтақаҳои Озарбойҷони имрӯза дидан намудем. Гувоҳи он гардидем, ки рӯз то рӯз Қарабоғи зебо торафт зеботар мегардад, дар шаҳрҳои Шуша, Хонкендӣ, Агдам корҳои зиёди созандагиро мебинем. Чун дӯстони наздики шумо мо, албатта хеле аз ин ҷараёнҳои мусбӣ шод ҳастем, – таъкид кард роҳбари давлатамон.

    Махсус таъкид ёфт, ки Декларатсияи имзогардидаи байни Озарбойҷон ва Арманистон дар бораи сулҳ барои мамлакатҳои Ташкилот дар роҳи ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисодиёт, нақлиёт ва самти инсонпарварӣ имконоти васеъ фароҳам меорад.

    Роҳбари давлатамон инчунин ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Ҷапаров барои раёсати босамараш дар ТДТ ва саҳми муносибаш барои ба дараҷаи нав баровардани ҳамкорӣ изҳори миннатдорӣ намуд.

    Дар ҷиҳати рӯзномаи маҷлиси ҳамоиш пешвои Ӯзбекистон ба вазъияти байналхалқии имрӯз мухтасар баҳо дод. Таъкид шуд, ки ҷамъомади кунунӣ дар шароити тағйироти мураккаби геосиёсӣ ва афзоиши таҳдид ба бехатарӣ дар ҷаҳон ва минтақа баргузор мегардад.

    – Дар ҷамъомади ба қарибӣ баргузоргардидаи ҷашнии Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ ва бархурдҳои пешвоёни ҷаҳон бори дигар вуҷуд надоштани мавқеи ягонаро нисбати сохтмони сиёсат ва бехатарии ҷаҳони имрӯз намоиш дод, – изҳор кард роҳбари мамлакатамон.

    Ба ин маънӣ ӯ бори дигар зарурияти ислоҳоти амиқ ва такомули низоми идора намудани ҷаҳонӣ, баланд бардоштани мақоми СММ ва Шӯрои бехатарӣ ва инчунин пурзӯр намудани садои мамлакатҳои рӯ ба тараққиро дар корҳои байналхалқӣ таъкид кард.

    Таъкид шуд, ки ба давлатҳои Ташкилот муноқиша ва ҷангҳои дар қитъаи Евроосиё шиддатёбанда таъсир манфӣ дорад, ки он охир надорад. Фоҷиаи минтақаи Ғазза, вазъият дар атрофи Украина, барномаи ҳастаии Эрон, масъалаҳои суботнокӣ дар Афғонистон боиси нигаронии ҷиддӣ мегарданд.

    Роҳбари Ӯзбекистон кӯшиш ва нақшаҳои нави қудратҳои пешвои ҷаҳонро оид ба ташаккули тартиби ҷаҳони одил, таъмини эътимоди ҳамдигар ва бехатарӣ истиқбол намуд.

    Бо мақсади таҳлили амиқи вазъияти ҷаҳонӣ ва андешидани қарорҳои ногузир баргузор намудани мулоқотҳои якҷояи роҳбарони идораҳои сиёсати хориҷӣ ва хидматҳои махсуси мамлакатҳои ТДТ бо ташкил намудани ҷамъомади якум дар чунин формат дар соли оянда дар шаҳри Самарқанд пешниҳод шуд.

    Пешвои Ӯзбекистон инчунин мақоми афзоянда ва аҳамияти Ташкилоти давлатҳои туркиро таъкид кард, ки дар муддати кӯтоҳ ба шумори ниҳодҳои байналхалқии бонуфузи зуд рушдкунанда дохил гардид. Васеъ гардидани гуфтугӯҳои сиёсӣ дар дараҷаи олӣ, мустаҳкам гардидани эътимоди тарафайн, татбиқи фаъолонаи лоиҳаҳои муштарак ва барномаҳои инсонпарварӣ аз ин гувоҳӣ медиҳанд. Ҳоло дар доираи ТДТ ҳамкории амалӣ рӯи беш аз 35 самт ба амал татбиқ мегардад. Ҳаҷми савдои ҷонибҳо муттасил меафзояд, ки тавре интизорӣ меравад, то соли 2030 ду баробар хоҳад афзуд.

    Дар қисми асосии суханронии худ Президенти Ӯзбекистон дар бобати масъалаҳои мушаххаси минбаъд вусъат додани ҳамкории амалӣ таваққуф намуд. Таъкид ёфт, ки вазифаи муҳим баланд бардоштани нуфуз ва зарфияти Ташкилот, дар ояндаи наздик мустаҳкам намудани нақши он чун майдон барои ҳамкории босамар ба шумор меравад.

    – Бинобар ин мо ҳарчи зудтар ҳамоҳанг намудан ва қабул гардидани Шартнома дар бораи шарикии стратегӣ, дӯстии абадӣ ва бародарии байни давлатҳои туркиро дастгирӣ менамоем. Бешубҳа, чун ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ, рушди ҳамкории мо ин шартномаи муҳим барои пойгоҳи мустаҳкам ба хотири минбаъд наздик гардидани халқҳои бародари мо ва ба дараҷаи нав бардоштани алоқаҳои амалӣ хидмат менамояд, – изҳор намуд пешвои мамлакат.

    Бо мақсади вусъатдиҳӣ ва суръатбахшии динамикаи шарикии бисёрҷанба таҳия намудани Стратегияи рушди ТДТ то соли 2030 ва «нақшаи роҳ»-и алоҳида оид ба татбиқи он пешниҳод гардид. Ногузирии дар ин ҳуҷҷатҳо инъикос намудани самтҳои мушаххас ва чорабиниҳои зерин таъкид шуд.

    Аввал ин ки рушди муносиботи тиҷоративу иқтисодӣ ва амиқсозии ҳамкории саноатӣ.

    Президенти Ӯзбекистон бори дигар аз ташаккул додани Фазои имконоти нави иқтисодӣ дар ояндаи наздик дар доираи ТДТ, ки ба вуҷуд овардани шароити хуби муносиб, пойгоҳи ҳуқуқӣ ва инфрасохторро барои савдо, тиҷорат ва сармоягузории ҳамдигар пешбинӣ мегардад, ҷонибдорӣ кард.

    Бо мақсади муттасил рушд додани ҳамкории амалӣ ва таҳияи лоиҳаҳои мушаххас, аз он ҷумла ҳамоҳанг намудани нақшаҳо дар доираи Фонди сармоягузории туркӣ, таъсис додани Шӯрои доимии давлатҳои туркӣ оид ба шарикии иқтисодӣ таъкид шуд. Ниҳоди мазкурро, ки дар асоси доимӣ фаъолият менамояд, метавонистанд муовинони сарвазирони мамлакатҳои Ташкилот роҳбарӣ кунанд. Дафтари лоиҳавии Шӯроро дар Тошканд ҷойгир намудан пешниҳод гардид.

    Тавре ки роҳбари Ӯзбекистон таъкид кард, дар доираи эътибори доимии Шӯро масъалаҳои зерин бояд қарор дошта бошанд:

    – ба вуҷуд овардани Иттиҳоди саноатии давлатҳои туркӣ ва ба ин васила ҳамдастӣ намудан ба пешбурди лоиҳаҳои ҳамкории ширкатҳои пешқадам дар соҳаи мошинсозӣ, маъдани саноати кӯҳ, электротехника, нафту кимиё, дорусозӣ, саноати сабук ва хӯрокворӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмон;

    – татбиқи низоми электронии «Даҳлезҳои сабзи туркӣ» бо мақсади минбаъд афзудани ҳаҷми савдои тарафайн ва наздик сохтани тартиби техникӣ;

    – таъсиси консорсиуми «Трансформатсияи сабз» барои татбиқи муштараки лоиҳаҳо оид ба энергетикаи «сабз», водород ва аммиаки «сабз», ҷалби технологияи пешқадам, стандартҳо ва ваколатҳо, татбиқи васеи механизмҳои шарикии давлативу хусусӣ;

    – рушди базаи стратегии маъданиву ашёвӣ бо истеҳсоли маҳсулот бо арзиши изофа.

    Ҳамзамон аҳамияти қабули Барномаи амалии ҳамкорӣ, ки ба принсипи «ашёи хом – азнавкоркард – илм ва технология – маҳсулоти омода» асос меёбад, таъкид ёфт.

    Дуюм, таъмини бехатарии озуқаворӣ. Бо назардошти зарфияти худ мамлакатҳои ТДТ метавонанд оид ба истеҳсол ва гузориши маҳсулоти табиии кишоварзӣ пешқадами ҷаҳон гарданд.

    Бинобар таҳлили ТОҶ, ҳоло ҳаҷми бозори маҳсулоти табиии ҷаҳон беш аз 225 миллиард доллар ва тавре ки интизорӣ меравад, дар оянда ин рақам соле ба 10 фоиз хоҳад афзуд.

    Барои истеҳсоли маҳсулоти босифати табиӣ ва бозоргир пурзӯр намудани пажӯҳишҳои илмӣ ва селексия, ҳамкории саноатӣ ва алоқаҳои логистикӣ ногузир мебошад.

    – Дар оянда маҳсулоти табииамон метавонистанд ба бозори ҷаҳон зери тамғаи ягона бароянд. Бинобар ин пешниҳод мекунем, ки Гурӯҳи кории экспертӣ ташкил дода шуда, зери назорати вазирони кишоварзии мамлакатҳоямон қарор гирад, аввалин лоиҳаҳои озмоишӣ интихоб гардида, татбиқ гарданд, – таъкид кард роҳбари Ӯзбекистон.

    Сеюм, мустаҳкам намудани вобастагии нақлиётӣ ва ҷорӣ намудани сиёсати ҳамоҳанггардида дар соҳаи рушди даҳлезҳои байналхалқии транзит.

    Роҳбари мамлакатамон нақшаро оид ба муттасил рушд додани Даҳлези миёна таъкид кард, ки таъмини рақобатбардории хати мазкур ва фароҳам овардани шароити муносибтарин барои аҳли тиҷорат молики аҳамият аст. Ба ин маънӣ, ҷорӣ намудани тарифҳои оптималии транзит, рушди инфрасохтори замонавии нақлиёт ва татбиқи тартиби рақамии гумрук аҳамияти муҳим касб менамояд.

    Дар сурати муттаҳид гардидани Даҳлези миёна бо роҳи оҳани сохташавандаи Чин – Қирғизистон – Ӯзбекистон ва Даҳлези истиқболноки фароафғон низоми гуногунсоҳа ва стратегии шоҳроҳҳо дар минтақаи паҳно ба вуҷуд оварда мешавад.

    Ҳамаи ин ташаббусҳо, ки бо соҳаи нақлиёт иртибот мегиранд, аз ҳар ҷиҳат дар доираи Анҷумани байналхалқӣ оид ба боркашониҳои мултимодалӣ, ки 12 ноябр дар шаҳри Тошканд баргузор мегардад, ҷиддан муҳокима мегарданд.

    Чорум, татбиқи василаҳои босамари молиявӣ барои татбиқи лоиҳаҳои доманфарохи саноатӣ ва инфрасохторӣ.

    Президенти Ӯзбекистон аз вусъат додани фаъолияти Фонди сармоягузории туркӣ, қабули Барномаи ҳамкории стратегӣ бо БРИ, БАТТ ва дигар институтҳои байналхалқӣ ва миллии молиявиро ҷонибдорӣ намуд.

    Панҷум, рушди зеҳни сунъӣ, рақамисозӣ ва иқтисодиёти креатив, ки муҳаррикҳои босуботи тараққиёт мегарданд. Барои муттаҳид намудани кӯшишҳо дар ин самтҳо қабул намудани «нақшаи роҳ» оид ба татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои зеҳни сунъӣ ва иқтисодиёти креатив пешниҳод гардид.

    Роҳбари давлат инчунин дар бобати дар Ӯзбекистон баргузор намудани Намоишгоҳи байналхалқии ҷаҳони турк ташаббус изҳор намуд.

    Шашум, дар соҳаҳои илм ва таълим ба дараҷаи нав бардоштани ҳамкорӣ дар асоси принсипи «Маърифат зидди ҷаҳолат».

    Таъкид шуд, ки солҳои 2025-2026 мамлакатамон дар Иттиҳоди донишгоҳҳои туркӣ, ки беш аз 100 муассисаи таълимиро муттаҳид менамояд, раисӣ хоҳад кард. Дар ҳафтаи оянда дар Тошканд Ассамблеяи генералии Иттиҳод баргузор мегардад.

    Дар давраи раисӣ Ӯзбекистон азм дорад, ки «Рӯзҳои илм ва инноватсияи туркӣ»-ро баргузор намояд.

    Президенти Ӯзбекистон инчунин маълумот дод, ки бо мақсади мустаҳкам сохтани ҳамкорӣ дар ҷанбаи илму маориф ва рағбатноксозии тадқиқоти олимони боистеъдод дар мамлакатамон Донишгоҳи байналхалқии давлатҳои туркӣ ба фаъолият оғоз менамояд. Роҳбари давлат дар пойгоҳи он таҳия намудани Барномаи дастгирии пажуҳишҳои муштаракро пешниҳод намуд.

    Ҳафтум, бартараф намудани паҳн гардидани ғояҳои бегона ва харобиовар дар байни ҷавонон.

    Бинобар ин қабули Нақшаи ҳаракат доир ба мубориза бар зидди экстремизм ва тафаккури тундравона дар фазои давлатҳои туркӣ пешниҳод гардид.

    Ӯзбекистон инчунин гуфтугӯи қаринро, ки ба мубориза бо тамоми зуҳуроти исломҳаросӣ нигаронда шудааст, идома медиҳад.

    Ғайр аз ин таъкид шуд, ки дар доираи Ташкилот таҳия намудани чорабиниҳои муштарак оид ба маърифати экологии ҷавонон қадами муҳим хоҳад гардид.

    Пешвои Ӯзбекистон инчунин ба масъалаи дигар таваҷҷуҳ нигаронд.

    – Соли оянда мо 585-солагии шоир ва мутафаккири бузург Алишер Навоӣ ва 885-солагии шоири бузурги озар Низомии Ганҷавиро васеъ ҷашн менамоем. Бо мақсади минбаъд оммавӣ гардидани ғояҳои инсонпарварӣ, дӯстӣ ва бародарӣ, мероси бебаҳои адабии онҳо пешниҳод менамоем, ки анҷумани илмии байналхалқии «Эҷодиёти Низомии Ганҷавӣ ва Алишер Навоӣ дар ҳаёти маънавии ҷаҳони туркӣ» баргузор гардад, – изҳор кард роҳбари давлатамон.

    Зимни ҷамъомад инчунин сарони ҳайатҳои давлатҳои хориҷӣ суханронӣ намуданд.

    Дар поёни ҳамоиш бастаи қарор ва ҳуҷҷатҳои муштарак қабул гардиданд, ки ба минбаъд вусъат додани ҳамкории муфиди тарафайн байни мамлакатҳои иштирокдори Ташкилот нигаронда шудааст.

    No date selected
    November 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates