Президенти Ӯзбекистон муҳимияти самарабахш ба кор андохтани иқтидори ҳамкории бисёрҷанбаро бо Туркия қайд намуд

    Ҳукумат 2 Avgust 2022 5271

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 2 август ҳайати Ҷумҳурии Туркияро таҳти сарварии вазири корҳои хориҷӣ Мавлуд Чавушӯғли, ки дар шаҳри Тошканд барои иштирок дар мулоқоти нахустини вазирон дар формати «Ӯзбекистон – Озарбойҷон – Туркия» қарор дорад, қабул кард.

    Дар таркиби ҳайати Туркия дар мулоқот инчунин вазири савдо Меҳмет Муш ва вазири нақлиёт ва инфрасохтор Одил Қораисмоилӯғли иштирок карданд.

    Масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи байни ду кишвар дар заминаи татбиқи созишномаҳо дар сатҳи олӣ баррасӣ шуданд.

    Дар оғоз вазир Мавлуд Чавушӯғли саломи самимӣ ва орзуҳои неки Президенти Туркия Реҷеп Таййип Эрдоғанро ба сарвари давлатамон расонд. Дастгирии ҳамаҷонибаи ҷониби Туркия аз барномаи ислоҳоти иҷтимоию иқтисодӣ ва дигаргуниҳои сиёсӣ дар Ӯзбекистони Нав, инчунин самти сиёсати хориҷии кишвар, ки пеш аз ҳама ба таҳкими муносибатҳои дӯстӣ, некҳамсоягӣ ва эътимод дар минтақа нигаронда шудааст, махсусан қайд карда шуд.

    Дар рафти мулоқот ҷонибҳо бо қаноатмандӣ аз густариши пайвастаи муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Ӯзбекистону Туркия ва амиқтар шудани ҳамкориҳои амалӣ қайд намуданд.

    Нишондиҳандаҳои савдои мутақобила ва сармоягузорӣ бо суръат афзоиш ёфта, мубодилаи фаъоли башардӯстона идома дорад. Ба таъмини татбиқи созишнома ва қарорҳои роҳбарони Ӯзбекистон ва Туркия, ки ба истифодаи самарабахши иқтидори бузурги ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла ба воситаи фаъолгардонии робитаҳои байниминтақавӣ нигаронда шудааст, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Муҳимияти тезондани лоиҳаҳои муштарак ва барномаҳои коператсия дар соҳаи тиҷорат, сармоя, инноватсия, энергетика, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт ва логистика, сайёҳӣ ва нигаҳдории тандурустӣ қайд гардид.

    Сарвари давлатамон меҳмони олиқадрро ба муносибати бомуваффақият баргузор шудани мулоқоти вазирони корҳои хориҷӣ, савдо ва нақлиёти Ӯзбекистон, Озарбойҷон ва Туркия табрик гуфт.

    Инчунин, бинобар рӯзномаи минтақавӣ, аз ҷумла масъалаҳои мусоидат ба таъмини сулҳу субот дар Афғонистон, инчунин омодагӣ ба ҳамоиши дарпешистодаи Созмони давлатҳои туркӣ, ки тирамоҳи соли ҷорӣ дар шаҳри Самарқанд баргузор мегардад, мубодилаи афкор ба амал омад.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates