Президенти Ӯзбекистон муҳим будани густариши минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанба бо Туркияро таъкид намуд

    Ҳукумат 24 Yanvar 2023 4578

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 24 январ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Мавлуд Чавушӯғлиро, ки барои иштирок дар маҷлиси Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ба мамлакати мо омадааст, қабул кард.

    Масъалаҳои мубрами таҳкими минбаъдаи муносибатҳои ҳамаҷонибаи шарикии стратегии Ўзбекистон ва Туркия баррасӣ шуданд.

    Дар оғози мулоқот вазири корҳои хориҷӣ Чавушӯғли салом ва орзуҳои неки Президенти Туркия Реҷеп Таййип Эрдоғанро расонид.

    Сарвари давлатамон робитаҳои мунтазаму пурсамар дар сатҳи олиро, ки ба рушди босуръати ҳамкориҳои бисёрҷанба мусоидат мекунанд, бо қаноатмандии амиқ қайд намуданд.

    Ҳаҷми муомилоти моли мутақобила меафзояд, соли гузашта 370 корхонаи нави муштарак таъсис дода шуд. Миқдори парвозҳои доимии ҳавоии байни ҳар ду мамлакат меафзояд.

    Ба таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ бо иштироки ширкатҳои бонуфузи туркӣ, аз ҷумла дар чаҳорчӯби кооператсияи саноатӣ ва барномаҳои маҳаллисозӣ таваҷҷуҳи махсус дода шуд.

    Инчунин оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт. Масъалаҳои ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби сохторҳои бисёрҷониба, аз ҷумла Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва Созмони кишварҳои туркӣ баррасӣ шуданд.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates