Дар оғози мулоқот меҳмони олимақом ба роҳбари кишварамон салом ва орзуҳои самимии Президенти Туркия Реҷеп Таййип Эрдоғанро расонд.
Масъалаҳои тавсеа ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегии ҳамаҷонибаи байни Ӯзбекистон ва Туркия, пеш аз ҳама дар соҳаҳои савдою тиҷорат ва сармоягузорӣ баррасӣ гардиданд.
Бо қаноатмандӣ қайд гардид, ки муколама ва табодули фаъол дар сатҳҳои гуногун идома дорад. Ҳаҷми тиҷорат ва сармоягузории байниҳамдигарӣ, теъдоди корхонаҳои муштарак, парвозҳо меафзояд.
Натиҷаҳои пурсамари ҷамъомади навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ, муколамаи тиҷоратӣ ва намоишгоҳ, ки дирӯз дар Тошканд доир гардид, эътироф карда шуд.
Таъкид гардид, ки барои боз ҳам зиёд кардани муомилоти мол, аз ҷумла бо роҳи васеъ намудани номенклатураи молҳо дар доираи Созишномаи савдои имтиёзнок андешидани тадбирҳои мутобиқшуда муҳим аст.
Зарурати пешбурди лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои инноватсия, энергетика, саноат, дорусозӣ, нассоҷӣ, сайёҳӣ, таълим ва дигар бахшҳо, ташаккули портфели нави лоиҳаҳои ҳамкорӣ ва барномаи табодули фарҳангию гуманитарӣ таъкид гардид.
Ба таҳияи рӯзномаи ҷамъомади навбатии Шӯрои ҳамкориҳои стратегии сатҳи баланд диққати махсус дода шуд.