Президенти Ӯзбекистон Президенти Туркияро ба муносибати бомуваффақият баргузор шудани интихоботи умумихалқӣ табрик гуфт

    Ҳукумат 15 May 2023 4519

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 15 май бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Таййип Эрдоған мулоқоти телефонӣ анҷом дод.

    Сарвари давлатамон роҳбари Туркияро ба муносибати бомуваффақият баргузор шудани интихоботи президентӣ ва парлумонӣ, ки дар натиҷаи он Президенти амалкунандаи кишвар ва Иттифоқи ҷумҳурихоҳон аксарияти овозҳоро ба даст овардааст, самимона табрик гуфт.

    Махсусан кайд карда шуд, ки натиҷаҳои овоздиҳӣ аз дастгирии васеи халқи бародари Туркия аз рафти дигаргунсозиҳои сиёсӣ ва ислоҳоти иқтисодии Президент Реҷеп Таййип Эрдоган гувоҳӣ медиҳанд.

    Дар рафти суҳбат масъалаҳои мубрами таҳкими минбаъдаи муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Ӯзбекистону Туркия баррасӣ шуданд.

    Муҳим будани идомаи кори фаъол оид ба таҳияи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамкории стратегии сатҳи баланд қайд гардид.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates