Ман бениҳоят шодам, ки ба Шумо ба муносибати дар таърихи муносибатҳои мо санаи муҳим - 30-солагии барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ӯзбекистон ва Туркманистон табрикоти самимӣ ва орзуҳои беҳтарини худро баён кунам.

Ҳамсоягии нек ва ҳамкории зичи байни кишварҳоямон заминаи муҳим барои саодатмандӣ ва шукуфоии умумии халқҳои мо, ки дар давоми асрҳо дар паҳлуи ҳам тинҷу осоиш умр ба сар бурда, решаю пайванди хешутаборӣ доранд, инчунин барои сулҳ ва субот дар минтакаи мо хидмат мекунад.

Мехоҳам таъкид намоям, ки Шумо, Ҷаноби Олӣ, дар густариши ҳамаҷонибаи ҳамкории кишварҳои дӯстамон, ноил шудан ба сатҳи бесобиқаи шарикии стратегӣ, ки бар эҳтиром ва эътимоди мутақобила асос ёфтааст, саҳми бузург гузоштаед.

Муносибатҳои анъанавии кушода ва эътимодбахши байни мо барқароршуда, фароҳам овардани механизмҳои самарабахше, ки муносибатҳои байнидавлатии моро ба низом меоранд, барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар ҳама самтҳои афзалиятнок ҳамчун заминаи мустаҳкам хизмат мекунанд.

Муҳтарам Гурбангулӣ Мяликгулиевич!

Ба шарофати сиёсати дурандешона, мутаносиби дохилию берунии Шумо имрӯз Туркманистон дар тамоми соҳаҳо ба муваффақияту марраҳои калон ноил гардида, некуаҳволии аҳолӣ мунтазам баланд шуда, нуфузи мамлакат дар арсаи байналхалқӣ меафзояд.

Иштироки шахсии Шумо дар саммити Созмони кишварҳои туркӣ, ки дар Самарқанд 11 ноябри соли гузашта баргузор гардид, инчунин мукофотонида шудан бо “Ордени олии дунёи турк” дар баробари саҳми беназир ҳамроҳ намудан ба баланд бардоштани нуфузи конфронс, бори дигар ба ҷаҳон сатҳи баланди дӯстӣ байни халқҳои бародари ӯзбек ва туркманро намоиш дод.

Дар натиҷаи заҳматҳои азим ва таърихии шумо дар роҳи рушди кишвару халқи худ, стратегияву барномаҳои дарозмуддат, татбиқи ислоҳоти густурда Шумо чанде пеш Раиси Мақомоти олии намояндагии ҳокимияти халқӣ – Халқ Маслаҳатии Туркманистон  тасдиқ гардидед ва Шумо ба мақоми Пешвои Миллии халқи туркман мушарраф гардидед.

Итминони комил дорам, ки шарикии дарозмуддат ва ҳамаҷонибаи мо, ки ба принсипҳои бародарии абадӣ, дӯстӣ ва дастгирии ҳамдигар асос ёфтааст, дар оянда низ бешубҳа пайваста идома хоҳад дод.

Аз фурсат истифода бурда, ба Шумо саломатии бардавом, умри дароз, саодатмандии оилавӣ, дар кори пуршарафатон муваффақиятҳои калон, ба халқи бародарии туркман сулҳу амонӣ, тараққиёт ва шукуфоии дуру дароз орзумандам.

Бо эҳтироми самимӣ,

Шавкат Мирзиёев,

Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон