Президенти Ӯзбекистон аҳамияти густариши минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷонибаро бо Туркманистон таъкид кард

    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 15 апрел муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон, вазири корҳои хориҷӣ Рашид Мередовро, ки дар чаҳорчӯби барномаи ҷаласаи дуюми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Муколамаи стратегии «Осиёи Марказӣ - Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷи Форс» дар кишвари мо қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.

    Дар оғози суҳбат Рашид Мередов ба сарвари давлатамон аз ҷониби Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов ва Пешвои миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслаҳатӣ Гурбангулӣ Бердимуҳамедов саломи самимӣ ва орзуҳои нек расонд.

    Масъалаҳои актуалии инкишофи минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ, некҳамсоягӣ ва шарикии амиқи стратегии Ўзбекистон ва Туркманистон баррасӣ шуданд.

    Афзоиши муомилоти моли байниҳамдигарӣ бо қаноатмандии махсус қайд карда шуд. Минтақаи савдои “Шовот-Дашоғуз” барпо карда мешавад. Ҳамкории мутақобилан судманд дар бахшҳои кооператсияи саноатӣ, энергетика, нақлиёту логистика ва кишоварзӣ идома дорад.

    Алоқаҳои байниминтақавӣ ва табодули маданию гуманитарӣ вусъат меёбад. Имсол дар Ӯзбекистон ба муносибати таҷлили 300-солагии рӯзи таваллуди шоир Мақдумқулӣ Фироғӣ як қатор чорабиниҳо гузаронда мешаванд.

    Диққати махсус ба масъалаҳои ташаккули рӯзномаи нави шарикии бисёрҷанба дар доираи омодагӣ ба вохӯриҳои дарпешистода зоҳир гардид.

    Инчунин оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates