Президенти Ӯзбекистон бо Раиси Маслаҳати Халқии Генгеши Миллии Туркманистон масъалаҳои таҳкими муносибатҳои шарикии стратегиро баррасӣ кард

    Ҳукумат 24 Iyul 2022 3193

    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 24 июл бо Раиси Маслаҳати Халқии Генгеши Миллии Туркманистон Гурбангули Бердимуҳамедов мулоқоти телефонӣ анҷом дод.

    Раиси Маслаҳати Халқии Генгеши Миллии Туркманистон аз номи Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов ва мардуми бародари туркман сарвари давлати моро ба муносибати зодрӯзаш самимона табрик гуфта, ба Ӯзбакистон сулҳу субот, рушди устувор ва шукуфоӣ орзу намуд.

    Масъалаҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии Ӯзбекистону Туркманистон баррасӣ шуданд.

    Ба натиҷаҳои пурсамари сафари сатҳи олӣ ба кишвари мо, ки рӯзҳои 14-15 июли соли равон сурат гирифт, баҳои баланд дода шуд. Аҳамияти татбиқи амалии тавофуқоти дар асоси "харитаи роҳ" ҳосилшуда, аз ҷумла Барномаи миёнамӯҳлати ҳамкории саноатӣ, лоиҳаи таъсиси Минтақаи савдои наздисарҳадӣ, қарордодҳо ва созишномаҳо аз рӯи натиҷаҳои Форуми якуми минтақаҳо ва Шӯрои соҳибкорӣ таъкид шуд.

    Робитаҳо ва табодули фаъол тавассути муколамаи муассири байнипарлумонӣ бо қаноатмандии хоса қайд карда шуд.

    Доир ба рӯзномаи минтақавӣ, аз ҷумла масъалаҳои баргузории ҳамоиши Созмони кишварҳои туркӣ дар шаҳри Самарқанд дар моҳи ноябри соли ҷорӣ табодули афкор сурат гирифт.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates