Алоҳида таъкид гардид, ки ба туфайли робитаҳои мунтазам дар сатҳи олӣ муносибатҳои гуногунҷабҳаи ҳамсоягии нек ва шарикии стратегӣ байни Ӯзбекистон ва Туркманистон тадриҷан мустаҳкам мешаванд.
Рашид Мередов саломи гарму ҷӯшон ва таманноҳои Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедовро ба сарвари давлати мо расонд. Ташаббусҳои пешвои Ӯзбекистон оид ба рушди робитаҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ баҳои баланд гирифтанд.
Масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои амалии ду кишвар баррасӣ шуданд. Аҳамияти баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ қайд карда шуд.
Рафти омодагӣ ба Мулоқоти машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки 6 августи соли равон дар Минтақаи миллии туристии "Аваза" баргузор мегардад, муҳокима шуд.
Дар мавриди вазъи бамиёномадаи ғайриоддӣ дар Афғонистон мубодилаи афкор сурат гирифт.