Президенти Ӯзбекистон ба Туркманистон омад

    Ҳукумат 5 Avgust 2021 5350

    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев бинобар даъвати Президенти Туркманистон Гурбангули Бердимуҳамедов ба шаҳри Туркманбошӣ омад.

    Сарвари давлати моро муовини раиси Девони Вазирони Туркманистон Эсенмират Оразгелдиев ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.

    Тавре қаблан хабар дода будем, имрӯз, 6 август дар минтақаи миллии сайёҳии «Аваза» Мулоқоти навбатии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад.

    Ташаббус дар бораи баргузории ҳамоишҳои мунтазами сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷониби Президент Шавкат Мирзиёев соли 2017 дар иҷлосияи 72-юми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод шуда буд. Онро ҳамаи ҳамсояҳои Ӯзбекистон дастгирӣ карданд. Аввалин ҳамоиш моҳи марти соли 2019 дар пойтахти Қазоқистон Нур-Султон, дувуминаш моҳи ноябри соли 2019 дар шаҳри Тошканд баргузор шуд.

    Дар ҷаласаи навбатӣ натиҷаҳои иҷрои созишномаҳои қаблан ҳосилшуда баррасӣ мешаванд. Иштирокчиён масъалаҳои рушди босабот ва устувори минтақа, афзоиши тиҷорат, фароҳам овардани шароити мусоид барои шарикӣ дар бахши энергетика, тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия, муттаҳидсозии талошҳо барои мубориза бо пандемия ва ғайраҳоро баррасӣ хоҳанд кард.

    Интизор меравад, ки сарвари Ўзбекистон дар нутқи худ як қатор ташаббусҳое, ки ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дстӣ ва некҳамсоягӣ, эътимоди тарафайн ва дастгирӣ нигаронда шудаанд, пеш гузошта, самтҳои пешомадноки ҳамкории минтақавиро дар асоси манфиатҳои умумии дарозмуҳлат баён месозад.

    Дар доираи ҳамоиш мулоқоти Муколамаи занони пешсаф, Форуми иқтисодии Осиёи Марказӣ, намоишгоҳи молҳои миллӣ, фестивали таомҳои миллӣ, инчунин консерти тантанавии устодони санъат ба нақша гирифта шудааст.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates