Президенти Ӯзбекистон амалҳои Умраро анҷом дод

    Ҳукумат 20 Iyul 2023 5520

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, ки пас аз интихоб шуданаш ба мақоми раҳбари давлат бо нахустин сафари хориҷии худ дар Арабистони Саудӣ қарор дорад, аз муқаддасоти асосии Ислом – шаҳри Макка дидан кард.

    19 июл – дар рӯзи аввали моҳи Муҳаррами соли нави 1445-и ҳиҷрӣ Сарвари давлатамон ҷомаи махсуси эҳромӣ ба бар намуда, маросими Умраро анҷом доданд. Ба роҳбари кишвари мо шарафи бузурге нишон дода шуд, ки ба Каъбаи муқаддас ворид шавад ва дар он намоз хонад.

    Шавкат Мирзиёев мувофиқи арконҳои ислом ҳафт маротиба тавоф намуд, яъне атрофи Каъбаро давр зада, инчунин байни теппагиҳои Сафо ва Марва ҳафт саъй кард. Барои ободии кишварамон, сулҳу осоиш ва беҳбудии мардум, бахту саодат, ояндаи дурахшони тамоми ҳамватанон ва насли наврас дуо карда шуд.

    Бояд гуфт, ки маҳз имрӯз маросими иваз кардани кисва -- рӯйпӯши анъанавии Каъба баргузор шуд.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates