Дар ҷараёни гуфтугӯ махсус таъкид гардид, ки шиддат гирифтани рӯйдодҳои Ховари Миёна дар рӯзҳои охир амнияти минтақаро ҷиддан халалдор месозад ва ба равобити байнидавлатӣ зарари ҷиддӣ мерасонад.

Зарурати қатъии фавран қатъ шудани ҳар гуна амалҳо, ки дар моҳи муқаддаси Рамазон ба соҳибихтиёрии давлатҳо, сулҳ ва оромии шаҳрвандон таҳдид мекунанд, таъкид гардид. Ҳамчунин аҳамияти ҳаллу фасли муноқишаҳо ва мушкилиҳо ба роҳи сулҳомез ва дипломатӣ зикр шуд.

Роҳбари кишвари мо дар ин рӯзҳои душвор ба роҳбарият ва мардуми Урдун ҳамбастагӣ ва дастгирии худро баён намуд.

Ба навбати худ Подшоҳи Урдун барои муносибати дӯстона, суханони самимии дастгирӣ ва ҳамбастагӣ ба Президенти кишвари мо изҳори қадрдонӣ кард. Ӯ итминон изҳор намуд, ки сафари таърихии дарпешистодаи сатҳи олӣ ба Уммон муваффақ ва самаранок хоҳад буд.