Дар ҷараёни суҳбат аз шиддат гирифтани вазъ дар Шарқи Наздик ва зарбаҳое, ки ба объектҳои гуногуни инфрасохтори кишвар ворид шудаанд, нигаронии ҷиддӣ изҳор гардид. Таъкид шуд, ки чунин амалҳои манфӣ ба принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мухолиф буда, дар чунин рӯзҳои душвор Ӯзбекистон бо мардуми дӯсту бародари Кувайт ҳамраъй аст.

Қайд гардид, ки ҳамаи амалҳое, ки ба сулҳ ва оромии аҳолӣ таҳдид мекунанд, бояд фавран қатъ карда шаванд.

Бо истифода аз фурсат сарвари давлати мо барои кумаки амалие, ки ба шаҳрвандони Ӯзбекистон дар ин кишвар расонида шудааст, изҳори миннатдории махсус намуд.

Ҳамчунин саломҳои гарми худро ба Амири Кувайт Мишаал ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ расонд.

Дар навбати худ Валиаҳди Кувайт аз номи роҳбарият ва мардуми кишвар ба Президенти Ӯзбекистон барои дастгирии дӯстона ва ҳамраъйӣ дар ин давраи душвор изҳори сипоси амиқ кард.