Дар оғози мулоқот Президенти Сингапур ба Сарвари давлати мо барои даъвати ташриф бо сафари давлатӣ ба Ӯзбекистон ва пазироии гарму самимии ҳайати Сингапур изҳори миннатдории самимӣ кард. Суханҳои дастгирӣ ва таманнои муваффақияти калон дар интихоботи қарибулвуқӯи президенти Ӯзбекистон баён карда шуданд.
Таъкид гардид, ки ин сафари сатҳи баланд дар 25 соли баъд аз барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни кишварҳо нахустин аст.
Иҷрои пайгиронаи тамоми тавофуқномаҳо оид ба самтҳои асосии ҳамкорӣ, ки дар натиҷаи сафари таърихии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Сингапур дар моҳи январи соли равон ба даст оварда шуданд, бо қаноатмандӣ қайд карда шуд.
Зимни суҳбат ба таҳкими минбаъдаи муколамаи сиёсӣ ва робитаҳои байнипарлумонӣ, татбиқи дастгирии мутақобила дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, татбиқи барномаҳои тайёркунии кадрҳо дар соҳаи идоракунии давлатӣ, фаъол гардонидани робитаҳо дар соҳаи бехатарии ҷамъиятӣ ва мубодилаи маданию гуманитарӣ эътибори калон дода шуд.
Пешрафтҳои бузург дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод ва сармоягузорӣ алоҳида таъкид гардид.
Аз аввали сол инҷониб нишондиҳандаҳои савдои байниҳамдигарӣ якчанд баробар афзуд. Сингапур ба яке аз сармоягузорони бузургтарини Ӯзбекистон табдил ёфт.
Лоиҳаҳо дар соҳаи кимиё ва нассоҷӣ, нақлиёт ва логистика, шаҳрсозӣ, хизматрасониҳои таълимӣ, хусусигардонӣ бо ширкатҳои пешрафтаи сингапурӣ аз қабили Indorama, Meinhardt Group, Franklin Templeton, Enercon, PSA, Changi Airport ба маблағи 3,8 миллиард доллар фаъолона амалӣ карда мешаванд.
Пешомадҳои инкишофи ҳамкории иқтисодӣ муфассал баррасӣ шуданд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки натиҷаҳои анҷумани тиҷоратии Ӯзбекистону Сингапур дар доираи барномаи кории сафар ба густариши ҳамкориҳои сармоягузорӣ бо ширкатҳои пешрафта дар чунин соҳаҳо, аз қабили тиҷорат, логистика, инноватсия, энергетика, тандурустӣ хидмат мекунанд.
Масъалаҳои таъмини амнияти озуқаворӣ ва ба роҳ мондани интиқоли маҳсулоти меваю сабзавот ба бозори Сингапур баррасӣ шуданд.
Равиши қатъӣ ба вусъат додани ҳамкорӣ дар татбиқи лоиҳаҳои башардӯстона бори дигар тасдиқ шуд.
Аҳамияти ҷорӣ намудани таҷрибаи сингапурӣ дар соҳаи идоракунии давлатӣ ва омодакунии кадрҳои идоракунанда дар пойгоҳи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон қайд гардид.
Фаъолияти донишгоҳҳои Сингапур дар Ӯзбекистон, инчунин фаъол гардонидани табодули мунтазами фарҳангӣ, таълимӣ ва сайёҳии ду кишвар дастгирӣ карда мешавад.
Сарони давлатҳо доир ба масъалаҳои мубрами ҳамгироии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубу Шарқӣ табодули афкор намуда, сатҳи баланди ҳусни тафоҳум ва дастгирии мутақобиларо дар платформаҳои байналмилалӣ, пеш аз ҳама дар доираи СММ, инчунин дар раванди шомилшавии Ӯзбекистон ба Созмони ҷаҳонии савдо қайд карданд.
Гуфтушунид дар фазои эътимод, ошкоро ва дӯстона гузашт.