Президенти Ӯзбекистон бо Сарвазири Венгрия рафти татбиқи лоиҳаҳои муштаракро баррасӣ кард

    Ҳукумат 14 Aprel 2022 4406

    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Сарвазири Венгрия Виктор Орбан мулоқоти телефонӣ анҷом дод.

    Дар оғози суҳбат роҳбари Ӯзбекистон роҳбари Ҳукумати Венгрияро ба муносибати пирӯзии эътилофи байниҳизбӣ «ФИДЕС» - Ҳизби халқии христианӣ-демократӣ дар интихоботи ахири парлумонии ин кишвар самимона табрик гуфт.

    Ҷонибҳо ҳамчунин ба муносибати 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар табодули назар карданд.

    Масъалаҳои таҳкими минбаъдаи шарикии стратегӣ, иҷрои тавофуқҳое, ки дар натиҷаи сафари Сарвазири Венгрия ба Ӯзбекистон дар моҳи марти соли гузашта ҳосил шуда буданд, муфассал баррасӣ шуданд.

    Ба татбиқи амалии лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои дорусозӣ, кишоварзӣ, чорводорӣ, саноати хӯрокворӣ, саноати масолеҳи сохтмонӣ, инчунин густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар бахши бонкӣ ва молия таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.

    Доир ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт. Ҷадвали чорабиниҳои дарпешистода дар сатҳи олӣ баррасӣ шуд.

    Суҳбат дар вазъияти анъанавии гарму ҷӯшон ва дӯстона гузашт.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates