Президенти Ӯзбекистон нақшаҳои рушди ҳамкорӣ бо Федератсияи байналмилалии автомобилиро дастгирӣ кард

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 9 декабр ҳайати Федератсияи байналмилалии автомобилӣ (FIA)-ро таҳти роҳбарии раиси он Муҳаммад бин Сулайем, ки барои иштирок дар Маҷлиси умумии ин сохтори бонуфуз дар шаҳри Тошканд қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.

    Ба ҳайат ҳамчунин президенти Сенати FIA Кармело Санс де Баррос ва муовини президенти федератсия оид ба масоили нақлиёти автомобилӣ ва сайёҳӣ Тим Ширман шомил буданд.

    Дар мулоқот масъалаҳои муҳими густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо ин созмони ҷаҳонӣ, ки варзиши автомобилӣ ва бехатарии ҳаракат дар роҳро танзим мекунад, баррасӣ шуданд.

    Муҳаммад бин Сулайем ба ислоҳоти бузурги дар Ӯзбекистон ҷараёнёфта, ки ба рушди варзиши касбӣ ва оммавӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани фаъолиятҳои ҷисмонии аҳолӣ ва тарбияи насли ҳаматарафа рушдёфта равона шудаанд, баҳои баланд дод.

    Зарурати ҳамкории зич дар рушди тамоми соҳаҳои варзиши автомобилӣ дар кишвар — аз картинг то пойгаҳои намуди формула таъкид гардид.

    Ба масъалаҳои мусоидати федератсия дар тайёр кардани пилотҳо, картингбозон, муҳандисон, конструкторон ва механикҳои ӯзбек бо ҷалби имкониятҳои Донишгоҳи FIA, инчунин таъсиси инфрасохтори муосири варзиши автомобилӣ дар Ӯзбекистон, иҷрои барномаҳои таъмини бехатарии ҳаракати одамон ва нақлиёт, ҳамчунин баргузории мусобиқаҳои байналмилалӣ таҳти сарпарастии FIA, аз ҷумла марҳилаҳои Формула-1, таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

    Дар анҷоми мулоқот, барои саҳми шахсии бузургаш дар рушди ҳамкорӣ бо Федератсияи байналмилалии варзиши автомобилӣ ва инчунин барои тарғиби варзиши автомобилӣ дар Ӯзбекистон мувофиқи меъёрҳои байналмилалӣ, роҳбари кишвари мо ба раиси FIA ордени олии давлатӣ — «Дӯстлик»-ро супурд.

    Қайд бояд кард, ки Ӯзбекистон аз соли 2019 узви фаъоли федератсия мебошад. Соли гузашта дар шаҳри Самарқанд Маҷлиси ғайринавбии ҷашнии FIA бахшида ба 120-солагии он баргузор шуд. Дар доираи чорабиниҳои имсолаи федератсия 12 декабр дар маҷмааи «Humo Arena» маросими ҷоизасупорӣ ба беҳтарин варзишгарон ва дастаҳо бо иштироки меҳмонони баландмақоми хориҷӣ ва пилотҳои чемпион баргузор мегардад.


    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates