Президент Ӯзбекистон аъзои Шӯрои байналмилалии машваратиро қабул кард

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 11 феврал гурӯҳи коршиносони Шӯрои байналмилалии машваратиро дар таркиби Алфред Гузенбауэр, Александр Квасневский ва Штефан Фюле қабул кард.

    Масъалаҳои муҳими рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд ба мақсади дастгирии коршиносӣ дар татбиқи стратегияи ислоҳот дар Ӯзбекистони Нав ва густариши ҳамкориҳои бисёрҷанба бо кишварҳо ва институтҳои Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуданд.

    Муҳим будани ҳамкории амалӣ дар самти омӯзиш ва татбиқи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ, ҷалби технология ва сармояҳо барои навсозии соҳаҳо ва бахшҳои иқтисодиёти кишварамон таъкид гардид.

    Оид ба масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар заминаи омодагӣ ба нишасти ояндаи «Иттиҳоди Аврупо – Осиёи Марказӣ» дар шаҳри Самарқанд мубодилаи афкор ба амал омад.


    No date selected
    March 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates