Президенти Ӯзбекистон вазири корҳои хориҷии Чинро пазируфт

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 15 июл узви Шӯрои давлатӣ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Иро, ки бо сафари расмӣ дар мамлакати мо қарор дорад, пазируфт.

    Масъалаҳои мубрами таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстии Ӯзбекистон ва Чин, шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ баррасӣ шуданд.

    Вазир Ван И ба сарвари давлати мо саломи самимӣ ва таманноҳои беҳтарини Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпинро расонд. Ташаббуси Ӯзбекистон оид ба рушди ҳамбастагии Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ баланд арзёбӣ ва дастгирӣ карда, ба баргузории бомуваффақияти конфронси оянда дар Тошканд боварӣ изҳор карда шуд.

    Дар ҷараёни мулоқот ба татбиқи созишномаҳо дар сатҳи олӣ, аз ҷумла пеш бурдани барнома ва лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, молиявию техникӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва дигар самтҳои ҳамкориҳои гуногунҷабҳа таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда шуд. Аҳамияти идомаи ҳамкории зич дар мубориза бо пандемия қайд гардид.

    Оид ба рӯзномаи байналмилалӣ, аз ҷумла вазъи Афғонистон мубодилаи афкор сурат гирифт.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates