Дар чорабинӣ роҳбарони ширкатҳои “China Gold”, “China Coal Resources”, “China Datang Corporation”, “Tianjin Rail Transit Group”, “Poly Changda”, “Tianjin Urban Construction”, “Jinchuan Group”, “China Synfuels”, “Jinchuan”, “ST Wonderful”, “Mizuda”, “World Agriculture”, “Dongzhu Ecology” ва дигар ширкатҳо иштирок карданд.
Роҳбари давлат бо мамнуният қайд кард, ки таваҷҷуҳи соҳибкорони Чин ба Ӯзбекистон чун ҳамеша баланд аст. Танҳо соли гузашта ҳаҷми сармоягузорӣ аз 10 миллиард доллар афзуд.
Дар мулоқот дурнамои татбиқи лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, геология, хоҷагии қишлоқ ва об, саноати кимиё, заргарӣ, таҷдиди нақлиёти ҷамъиятӣ, рушди инфрасохтор ва соҳаи туризм баррасӣ шуд.









