Президенти Ӯзбекистон аҳамияти густариши ҳамкориҳои амалиро бо минтақаҳои ҶМЧ таъкид кард

    Ҳукумат 29 Mart 2023 5028

    Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии аъзои Бюрои сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Чин, котиби Кумитаи ҳизбии Партияи коммунистии СУАР Ма Синҷуй, ки 29 март барпо гардид, масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкориҳои амалии мутақобилан судманди минтақаҳои Ӯзбекистон ва вилояти мухтори Шинҷон-Уйғур баррасӣ шуданд. Таваҷҷуҳ ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ дар соҳаи энергияи барқароршаванда, рушди инфрасохтори нақлиётӣ, бунёди паркҳои саноатӣ ва кластерҳои кишоварзӣ дар минтақаҳои Ӯзбекистон бо иштироки ширкатҳои бонуфузи Чин нигаронда шуд.

    Дар оғози вохӯрӣ Ма Синҷуй саломи самимӣ ва орзуҳои неки Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Сзинпин, инчунин изҳори миннатдории ӯро барои табрикоти гарм ба муносибати дубора интихоб шуданаш ба мақоми раҳбари Чин расонд.

    Дар рафти суҳбат бо қаноатмандии амиқ натиҷаҳои пурсамари ҳамоиши таърихӣ дар шаҳри Самарқанд моҳи сентябри соли гузашта, ки ба давраи нави муносибатҳои шарикии стратегии ҳаматарафаи Ӯзбекистону Чин ибтидо гузошт, таъкид гардиданд.

    Манфиатдории тарафайн ба тезонидани лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани "Ӯзбекистон-Қирғизистон-Чин" таъкид шуд.

    Барои тавсеаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тошканду Самарқанд ва дигар вилоятҳои Ӯзбекистон бо вилояти мухтори Шинҷон-Уйғур, аз ҷумла дар соҳаҳои тиҷорат, логистика, тиб, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва маориф имкониятҳои васеъ қайд карда шуд.

    Сарвари давлат оид ба фаъол намудани робита ва мубодилаи мутақобила, ташкили сафарҳо ва анҷуманҳои тиҷоратӣ, инчунин қабули "харитаи роҳ"-и алоҳида барои пешбурди лоиҳа ва барномаҳои афзалиятнок супориш дод.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates