Президенти Ӯзбекистон ба густариши ҳамкории амалӣ бо бизнеси Ҷопон даъват намуд

    Мутобиқи барномаи кории сафари расмӣ ба Ҷопон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо роҳбарони ширкатҳои пешсаф, муассисаҳои молиявӣ ва иттиҳодияҳои тиҷоратии ин кишвар мулоқот анҷом дод.

    Дар ин чорабинӣ вазири иқтисод, савдо ва саноати Ҷопон Рёсэй Аказава, ҳамчунин топ-менеҷерони корпоратсияҳо ва ширкатҳои бузург, муассисаҳои молиявӣ ва бонкҳо, аз ҷумла Sojitz, Sumitomo, Toyota, ITOCHU, Mitsubishi, Marubeni, Daito Trust Construction, NEC, SBI Holdings, Ajinomoto, Japan Tobacco, Hitachi, Mitsui, Balcom, NEC, Eurus Energy, Chubu Electric Power, Shikoku Electric, Shimizu, Hankyu Travel International, Созмони ҷопонӣ оид ба таъмини амният дар соҳаи металлҳо ва энергетика (JOGMEC), Бонки ҷопонии ҳамкориҳои байналмилалӣ (JBIC), Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA), Ширкати оид ба суғуртаи содирот ва сармоягузории Ҷопон (NEXI), Созмони рушди савдои хориҷии Ҷопон (JETRO), Ассотсиатсияи оид ба савдо бо кишварҳои ИДМ-и Ҷопон (ROTOBO), бонкҳои Norinchukin, SBI Shinsei, Ассотсиатсияи агентиҳои сайёҳии Ҷопон ва дигарон иштирок карданд.

    Президенти кишвар ба иштирокдорони мулоқот муроҷиат намуда, таъкид кард, ки чунин иштироки намояндагии васеи бизнеси ҷопонӣ далели равшани сатҳи баланди эътимоди мутақобила ва манфиати устувори ҷонибҳо ба рушди минбаъдаи шарикии иқтисодӣ мебошад.

    Қайд кардан ҷоиз аст, ки дар солҳои охир ҳамкориҳои байни Ӯзбекистон ва Ҷопон хусусияти сифатан нав касб кардаанд.

    Агар қаблан ширкатҳои ҷопонӣ асосан дар лоиҳаҳои пудратӣ иштирок мекарданд, имрӯз онҳо фаъолона ба иқтисоди кишвар сармоягузорӣ мекунанд, корхонаҳои муштарак таъсис медиҳанд, дар идоракунӣ иштирок менамоянд, технологияҳоро интиқол медиҳанд ва дар тайёр намудани кадрҳои миллӣ саҳм мегузоранд.

    Дар натиҷаи ин тағйироти сифатӣ Ҷопон ба яке аз шарикони калидии иқтисодӣ ва технологии Ӯзбекистон табдил ёфтааст.

    Ин раванд дар нишондиҳандаҳои савдо ва иқтисод низ инъикос меёбад: дар 8 соли охир гардиши мол ду баробар афзуда, шумораи корхонаҳои ҷопонӣ дар Ӯзбекистон 10 маротиба зиёд шудааст.

    Ҳамкории устувор дар соҳаҳои энергетика, тандурустӣ, геология, технологияҳои иттилоотӣ, инфрасохтор ва дигар самтҳои афзалиятнок ба роҳ монда шудааст.

    Дар ҷараёни мулоқот Президент ба нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар таваҷҷуҳ зоҳир кард.

    Таъкид шуд, ки дар 8 соли охир маҷмӯи маҳсулоти дохилии Ӯзбекистон ду баробар афзудааст. То соли 2030 мақсад гузошта шудааст, ки кишвар ба гурӯҳи давлатҳои дорои сатҳи даромади аз миёна боло дохил гардад.

    Сарвари давлат бизнеси ҷопониро ба иштироки фаъол дар равандҳои модернизатсияи иқтисодиёти Ӯзбекистон даъват намуд, ки ба суръатбахшии индустриализатсия, ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта, афзоиши истеҳсолнокӣ ва тавсеаи имкониятҳои содиротӣ равона шудаанд.

    Дар ин замина, самтҳои афзалиятноки ҳамкории минбаъда бо доираҳои тиҷоратии Ҷопон муайян карда шуданд.

    Таъмини устувории энергетикӣ ва гузариши «сабз», аз ҷумла рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва системаҳои нигоҳдорӣ, инчунин коҳиши шиддати карбонии иқтисод аз ҷумлаи онҳост.

    Ба масъалаҳои коркарди амиқи маъданҳои муҳими стратегӣ бо ташаккули занҷираи пурраи арзиши иловашуда таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

    Ба самтҳои дурнамо инчунин рушди мошинсозӣ ва таҷҳизоти саноатӣ, ташаккули иқтисоди муосири саноатии баландтехнологӣ мансуб дониста шуданд.

    Таъкиди хос Ба рушди технологияҳои иттилоотӣ, аз ҷумла татбиқи барномаҳо дар соҳаи зеҳни сунъӣ ва рақамикунонӣ таваҷҷуҳи алоҳида дода шуд.

    Самти муҳими дигар таъсиси минтақаҳои махсуси иқтисодии муосир номбар шуд, ки бояд ба марказҳои ҷойгиркунии истеҳсолоти баландтехнологӣ ва содиротӣ, инчунин ҳамкории саноатӣ аз ҳисоби автоматикунонии равандҳои истеҳсолӣ ва ҷорӣ намудани системаҳои рақамии идоракунӣ табдил ёбанд.

    Аз ҷумла, бо мусоидати JICA лоиҳаи таъсиси минтақаи махсуси иқтисодӣ тибқи модели ҷопонӣ ва стандартҳои он омода карда мешавад.

    Дар фарҷом, Президенти кишвар таъкид кард, ки Ӯзбекистон Ҷопонро на танҳо ҳамчун сармоягузор, балки ҳамчун шарики стратегии худ дар бунёди саноати оянда арзёбӣ мекунад.

    Дар навбати худ, намояндагони доираҳои тиҷоратии Ҷопон омодагии худро барои густариши ҳузури худ дар Ӯзбекистон изҳор намуда, нақшаҳои иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои муштаракро дар самтҳои афзалиятнок эълон карданд.

    Дар анҷоми мулоқот дар ҳузури Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва вазири Ҷопон Рёсэй Аказава, маросими мубодилаи созишномаҳои дуҷониба баргузор гардид.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates