Президенти Ӯзбекистон ҳайати Ҷопонро қабул кард

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 9 июл ҳайати Ҷопонро таҳти сарварии раиси Бонки ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JBIC) Тадаши Маэда ба ҳузур пазируфт.

    Масъалаҳои густариши ҳамкории мутақобилан судманд бо ин ниҳоди бонуфузи молиявӣ ва пешбурди лоиҳаҳои кооператсия бо ширкатҳои Ҷопон баррасӣ шуданд.

    Бо қаноатмандии амиқ қайд карда шуд, ки сафари сатҳи олӣ ба Ҷопон моҳи декабри соли 2019 муносибатҳои дуҷонибаро ба сатҳи сифатан нав бароварда, онро бо мазмуни амалӣ ғанӣ гардонд.

    Ҳаҷми савдои мутоқобила ва сармоягузории мустақими Ҷопон ба иқтисодиёти Ӯзбекистон афзоиш ёфта, корхонаҳои нави муштарак ташкил карда мешаванд.

    Нақши муҳими JBIC дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ дар кишвари мо қайд гардид. Имрӯз портфели лоиҳаҳои муштарак бо фарогирии чунин соҳаҳо, ба мисли нафту кимиё, саноати бофандагӣ, энергетика ва навсозии инфрасохтор аз 3,7 миллард доллар гузашт.

    Ба фаъолияти корпоратсияи «Sojitz» дар Ӯзбекистон баҳои баланд дода шуд. Якҷоя бо он як қатор лоиҳаҳои бузург дар соҳаи нафту газ амалӣ гардидаанд. Дирӯз ифтитоҳи намояндагии ширкат дар шаҳри Тошканд баргузор шуд.

    Сарвари давлатамон муҳим будани ҳарчи зудтар омода ва татбиқи лоиҳаҳои нави ҳамкориро бо иштироки ширкатҳои Ҷопон дар соҳаҳои энергетикаи «сабз», геология, навсозии инфрасохтор, хоҷагии коммуналӣ ва тандурустӣ таъкид намуд.

    Дар бораи қабул намудани Барномаи сесолаи ҳамкорӣ бо Бонки ҳамкории байналмилалии Ҷопон, инчунин «харитаи роҳ» бо «Sojitz Corporation» оид ба татбиқи лоиҳаҳои пешомаднок дар соҳаҳои баландтехнологии иқтисодиёти Ӯзбекистон созиш ҳосил гардид.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates