Тибқи барномаи сафар, дар Токио баргузории як қатор мулоқот ва чорабиниҳои сатҳи олӣ ба нақша гирифта шудааст.
Масъалаҳои рушд ва густариши минбаъдаи шарикии стратегӣ ва ҳамкории бисёрҷанбаи Ӯзбекистон – Ҷопон дар маркази таваҷҷӯҳ қарор хоҳанд дошт.
Президенти Ӯзбекистон инчунин дар нахустин ҳамоиши сарони давлатҳо дар чорчӯби муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» иштирок хоҳад кард.