Президенти Ӯзбекистон ба лоиҳаҳои бузургтарини энергетикӣ оғоз бахшид

    Ҳукумат 27 Noyabr 2023 3093

    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 27 ноябр дар маросими роҳандозии лоиҳаҳои ба шабакаи таъминоти барқ пайваст намудани неругоҳи замонавии даврӣ бо иқтидори 1500 мегаватт дар вилояти Сирдарё ва оғози сохтмони истеҳсолоти пилотии "водороди сабз" дар вилояти Тошканд, ки якҷоя бо ширкати пешбари саудии "ACWA Power" татбиқ мегардад, иштирок кард.

    Қайд кардан ҷоиз аст, ки лоиҳаи неругоҳи барқии ҳароратӣ дар Сирдарё бо иқтидори 1,1 миллиард доллар эҳтиёҷоти бештар аз 3 миллион хоҷагӣ ва садҳо корхонаи саноатиро ба қувваи электр қонеъ хоҳад кард.

    Ғайр аз ин дар вилоят бори аввал корхонаи нодири истеҳсоли «водороди сабз» барпо карда мешавад. Дар доираи ин лоиҳаи «пилотӣ» дар кишвари мо дар марҳилаи аввал 3 ҳазор тонна водород бо коркарди минбаъда ба нуриҳои минералӣ истеҳсол карда шуда, неругоҳи шамол бо иқтидори 52 мегаватт бунёд мегардад.

    Умуман бо иштироки ширкати "ACWA Power" дар Ӯзбекистон лоиҳаҳои бузурги энергетикӣ ба маблағи 7,5 миллиард доллар бомуваффақият амалӣ мешаванд.

    Роҳандозии ин лоиҳаҳо то соли 2030 ба бунёди иқтидори 25 гигаватт манбаи барқароршавандаи энергия мусоидат мекунад, ки 4,5 миллиард метри мукааб газро сарфа намуда, ҳаҷми партовҳои зарароварро ба атмосфераро то 3 миллион тонна коҳиш медиҳад.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates