Масъалаҳои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷанба бо ин институти пешрафтаи махсуси низоми СММ баррасӣ шуданд.
Дар оғози мулоқот роҳбари ЮНИСЕФ ба роҳбари Ӯзбекистон саломи самимии Дабири кулли СММ Антониу Гутерришро расонд.
Натиҷаҳои ислоҳоте, ки дар мамлакат амалӣ мегарданд, хуб арзёбӣ гардида, барномаи миллӣ дар соҳаи таъмини ҳуқуқҳои кӯдакон ва тавсеаи имкониятҳои онҳо дастгирӣ гардид.
Дар солҳои охир ба сатҳи баланд баромадани ҳамкории Ӯзбекистон ва ЮНИСЕФ бо қаноатмандии бузург таъкид карда шуд.
Бо дастгирии созмон дар мамлакат қонун оид ба ҳифзи кӯдакон аз зӯроварӣ, ҳуҷҷатҳои стратегӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мубориза бар зидди онкологияи кӯдакона қабул карда шуданд. Ҷиҳати мубориза алайҳи пандемияи коронавирус ва рушди системаи эмгузаронӣ кумак расонида шуд.
Аҳамияти татбиқи чорабиниҳои муштарак дар соҳаи такмили қонунгузорӣ, ҷорӣ намудани механизмҳои нави нигоҳубин ва дастгирии кӯдакон, рушди низоми хидмати иҷтимоӣ ва омодасозии кадрҳо, густариши имкониятҳои истифода аз хидматҳои иҷтимоӣ ва беҳсозии сифати онҳо, таҳияи стандартҳои миллӣ, тавсеаи суғуртаи иҷтимоӣ, рушди таҳсилоти фарогир ва дигар самтҳои афзалиятнок қайд карда шуд.
Дар бораи қабули Барномаи нави мамлакат, ки то соли 2030 пешбинӣ шудааст, инчунин ҳамроҳ гузаронидани як қатор чорабиниҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқ ва пешбурди манфиатҳои кӯдакон мувофиқа ҳосил шуд.









