Дар оғози мулоқот меҳмони воломақом ба роҳбари давлати мо аз номи Подшоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ал-Сауд ва Валиаҳд, Сарвазири мамлакат Муҳаммад ал-Сауд паёми самимӣ ва таманниёти нек расонд. Ҳамчунин, вазир ба мардуми сермиллати Ӯзбекистон тӯҳфаи Подшоҳ – қисми рӯйпӯши муқаддаси кисваи Каъбаро тақдим кард.
Дар навбати худ, роҳбари Ӯзбекистон ба роҳбарияти Арабистони Саудӣ барои ин тӯҳфаи гаронбаҳо, инчунин барои фароҳам овардани имкониятҳо ва шароити мусоид барои зоирони ӯзбекистонӣ дар марказҳои динии ислом – Макка ва Мадина миннатдории амиқ изҳор намуд. Танҳо дар соли гузашта беш аз 800 ҳазор шаҳрванди мо зиёрати умра ва 15 ҳазор нафар ибодати Ҳаҷро анҷом доданд.
Дар ҷараёни суҳбат ба масъалаи беҳтарсозии минбаъдаи шароит ва сифати хизматрасониҳо барои зоирон аз Ӯзбекистон, инчунин таъмини амният ва фароҳам овардани қулайӣ дар ҳудуди Арабистони Саудӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.