Сафари расмии Президенти Ӯзбекистон ба Фаронса оғоз шуд

    Ҳукумат 21 Noyabr 2022 4508

    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев бо ҳамсараш бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон 21 ноябр бо сафари расмӣ ба Париж омад.

    Дар фурудгоҳи «Париж-Орли» ба истиқболи сарвари давлатамон парчамҳои давлатии ду кишвар барафрохта шуда, қаровули фахрӣ саф орост.

    Раҳбари Ўзбекистонро вазири фарҳанги Фаронса Рима Абдул-Малик ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.

    Имрӯз сарвари давлатамон бо роҳбарони ширкатҳои бонуфуз ва сохторҳои молиявӣ мулоқот хоҳад кард.

    Чорабиниҳои асосии сафар фардо, 22 ноябр дар назар аст.

    Дар ин ҷо бо раиси палатаи поёнии Парламент — Маҷлиси миллии Фаронса Яэл Браун-Пиве мулоқот барпо мегардад. Баъд аз ин музокироти байни Президент Шавкат Мирзиёев ва Президент Эммануэл Макрон ба амал меояд.

    Сарони давлатҳо якҷоя бо экспозитсияи намоишгоҳи васеъмиқёс дар осорхонаи Лувр ва Донишкадаи дунёи араб, ки ба мероси фарҳангии халқи мо бахшида шудаанд ва экпонатҳои беназири коллексияҳои музейи Ӯзбекистон ва дигар кишварҳо шинос мешаванд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates