Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Аморати Муттаҳидаи Араб рафт

    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев бо таклифи Президенти Аморати Муттаҳидаи Араб Шайх Муҳаммад Ол Наҳаён 13 январ бо боздиди расмӣ ба ин мамлакат рафт.

    Тибқи барномаи сафар дар пойтахти Аморат – шаҳри Абу-Дабӣ музокироти сатҳи олӣ ва ҳамчунин мулоқотҳои дуҷониба бо роҳбарони созмонҳо, ширкатҳо ва бонкҳои бонуфузи Аморати Муттаҳидаи Араб дар назар аст.

    Президенти Ӯзбекистон ҳамчунин дар нишасти байналмилалии «Ҳафтаи рушди устувори Абу-Даби» ширкат хоҳад кард.

    Дар доираи сафар сарвари давлатамон ба шаҳри Дубай ташриф оварда, дар он ҷо бо ноиби президент, Сарвазири Аморати Муттаҳидаи Араб, амири Дубай Шайх Муҳаммад Ол Мактум мулокот мекунад.