Президнти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳамоиши онлайнии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё иштирок намуд

    Ҳукумат 27 May 2022 7035

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 27 май дар ҷамъомади Шӯрои олии иқтисодии Авросиё ба сифати роҳбари давлати нозир дар ин ташкилот ширкат намуд.

    Дар он, ки дар андозаи видеоконфронс зери раисии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров баргузор гардид, инчунин Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Куба – мамлакати нозир дар назди Иттиҳоди иқтисодии Авросиё (ИИА) Мигел Бермудес ва раиси Коллегияи Комиссияи иқтисодии Авросиё Михаил Мясникович иштирок намуданд.

    Дар рӯзномаи маҷлис масъалаҳои рушди ҳамкорӣ ва амиқсозии ҷараёнҳои ҳамгароии муфиди тарафҳо дар фазои ИИА, аз он ҷумла ҳамдастии амалӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, савдо, саноат, нақлиёт ва самтҳои дигар дохил шуда буданд.

    Дар ибтидои нутқи худ Президенти Ӯзбекистон раисии фаъолонаи Қирғизистонро дар ИИА таъкид кард, ки он ба амиқсозии ҳамкории бисёрҷанба дар доираи ташкилот мусоидат менамояд.
    Таъкид шуд, ки бо кӯшишоти якҷоя оқибатҳои манфии пандемия нарм гардида, суръати мусбӣ дар ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии мамлакатҳоямон таъмин мегардад. Ҳамин тариқ, табодули мол байни Ӯзбекистон бо мамлакатҳои ИИА соли 2021 30 фоиз афзуд, аз аввали соли ҷорӣ бошад, боз ба 33 фоиз зиёд гардид. Суръати солонаи афзоиши сармояи ҷалбгарданда аз мамлакатҳои ИИА 25 фоизро ташкил менамояд. Тағйироти босуръат ва падидаҳои буҳронии имрӯзи ҷаҳонро таъкид намуда, ки онҳо барои суботнокии мамлакатҳоямон даъвати ҷиддӣ гардид, роҳбари Ӯзбекистон вазифаҳои ҳарчи муҳимро муайян намуд, ки қарорҳои муштаракро тақозо доранд.

    Президенти мамлакатамон ба минбаъд бартарафсозии мамониатҳои техникӣ ва шинохти сертификатсия дар савдои байниҳамдигарии байни Ӯзбекистон ва мамлакатҳои ИИА даъват намуд, ки ин имкон медиҳад дастрасии амвол ба бозорҳои мо то андозае сода гардад.
    Аҳамияти махсуси вусъат додани ҳамкории агросаноатӣ бо роҳи истеҳсоли якҷояи маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ва амволи хӯрокворӣ таъкид гардид. Бо мақсади баланд бардоштани натиҷаи он таҳия намудани Барномаи ҳамкории хоҷагии қишлоқ, ки фаъолсозии алоқаҳои байниминтақавиро пешбинӣ менамояд, пешниҳод гардид.

    Пешвои Ӯзбекистон ба ногузирии рушди минбаъдаи даҳлезҳои муқобили нақлиётӣ ва мустаҳкам намудани ҳамдастии нақлиётӣ дар самтҳои Ҷанубӣ ва Шарқӣ эътибор нигаронд. Бинобар ин аҳамияти ҳарчи зудтар оғоз намудани татбиқи амалии лоиҳа доир ба сохтмони роҳи оҳани Ӯзбекистон – Қирғизистон – Чин таъкид шуд, ки ин имконоти иловагиро барои ба бозорҳои минтақаи Осиёву уқёнуси Ором фароҳам меорад.

    Омодагӣ ба ҳамкорӣ дар татбиқи лоиҳаи сохтмони шоҳроҳи роҳи оҳани трансафғон аз Тирмиз то Пешовари Покистон изҳор гардид, ки ин роҳи хеле кӯтоҳро то бозорҳои Осиёи Ҷанубӣ бо 2 миллиард нафар истеъмолгар таъмин менамояд.

    Роҳбари давлатамон изҳор намуд, ки ҷонибдори истифодаи босамари потенсиали инноватсионӣ ва рушди шаклҳои нави ҳамкории саноатии соҳибкорони мамлакатҳоямон, пеш аз ҳама, дар соҳаи технологияи баланд мебошад.

    Дар ин самт дар Тошканд баргузор намудани Намоишгоҳи байналхалқии саноатии «ИННОПРОМ. Осиёи Марказӣ» қадами нахустини амалӣ гардид, ки дар он беш аз ҳазор ширкат аз мамлакатҳои ИИА иштирок намуданд.

    Таҳияи «Харитаи роҳ»-и муштарак дар бобати рағбатноксозии робитаҳои ҳамкорӣ ва амиқсозии маҳаллисозӣ дар соҳаҳои кимё, дорусозӣ, мошинсозӣ, дастгоҳсозӣ, электроника ва ғайра пешниҳод гардид. Ҳамзамон муҳим аст, ки имконоти институтҳои илмиву тадқиқотӣ ва марказҳои технологӣ васеътар корбаст гардад.
    Ба ногузирии муттаҳид намудани кӯшишот дар соҳаи сайёҳӣ эътибори алоҳида нигаронда шуд, ки ин соҳа дар рушди иқтисодӣ таҳрикбахши табиӣ хоҳад буд ва ҳамчунин ишора гардид, ки нақлиёти мусофиркашонӣ байни мамлакатҳоямон комилан барқарор карда шавад.

    Роҳбари давлатамон дар Ӯзбекистон баргузор намудани Анҷумани рушди саноати сайёҳиро бо иштироки ширкатҳои пешқадами мамлакатҳои ИИА пешниҳод намуд.

    Дар поёни нутқи худ Президент бори дигар моилии Ӯзбекистонро ба муттасил мустаҳкам намудани ҳамкории муфиди тарафҳо ва шарикии бисёрҷанба бо Иттиҳоди иқтисодии Авросиё бо мақсади таъмини рушди босубот ва баланд бардоштани некаҳволии мамлакатҳоямон собит намуд.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates